Ссылки доступа

Трамп аз таҳдид ба иншооти фарҳангии Эрон даст кашид


Президенти ИМА Донал Трамп рӯзи сешанбе дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ҳуқуқи байналмилалиро риоя мекунад ва ба маҳви иншооти мероси фарҳангии Эрон дастур нахоҳад дод.

Рӯзи шанбеи гузашта Трамп гуфта буд, ИМА 52 иншооти Эронро ҳадаф қарор доданист, ки дар миёни онҳо марказҳои муҳими фарҳангӣ низ ҳастанд. Трамп таҳдид кард, ки агар Эрон дар посух ба куштори генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ ба амрикоиҳо ё амволи ИМА ҳамла кунад, ин иншоотро ҳадаф қарор хоҳад дод.

Пештар вазири дифоъ Марк Эспер ва котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфта буданд, ки Вашингтон "қонунҳои эъломи ҷанг"-ро риоя хоҳад кард. Атрофиёни Трамп дарк карданд, ки нақзи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар бораи ҳифзи мероси фарҳангӣ дар давраи ҷанг ва барқасдона маҳв кардани онҳо ҷинояти ҳарбӣ аст.

Таҳдидҳои ахири Трамп дар бештари кишварҳои ҷаҳон баҳсҳои тунд ва интиқодҳоеро ба бор оварда буд.

XS
SM
MD
LG