Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон модаре мехост, тифлашро $400 фурӯшад


Дар шаҳри Оҳангарони вилояти Тошканди Ӯзбекистон 3 январ занеро боздошт карданд, ки мехост, тифли семоҳаашро 400 доллар фурӯшад.

Дар ин бора Раёсати мубориза бо терроризм ва экстремизми Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон 7 январ иттилоъ додааст.

Тифлро ба бемористони кӯдаконаи шаҳри Оҳангарон супурдаанд.

Дар рафти тафтишот маълум шуд, ки зани боздоштшуда сокини Оҳангарон буда, муваққатан бекор аст. Зидди ӯ бо банди "Хариду фурӯши шахси ноболиғ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин банд аз 8 то 19 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG