Ссылки доступа

Ташхиси ВИЧ пеш аз хатнаи писарон дар Тоҷикистон ҳатмӣ шудааст


Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон дастур додаанд, ки писаронро пеш аз хатна ҳатман аз ташхиси вируси норасоии масунияти бадан ё ВИЧ гузаронанд.

Онҳо сабаби чунин тасмимро ба афзоиши ин бемории сироятӣ дар кишвар, аз ҷумла дар миёни кӯдакон, рабт медиҳанд. Пизишкон ҷонибдори ташхис ҳастанд, вале баъзе аз волидон мегӯянд, он бояд тавсиявӣ бошад, на маҷбурӣ. Ҳамчунин волидон пурра бепул будани ташхис ва хатнаи писаронро зери суол гузоштанд.

Як намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 7-уми январ гуфт, ҳадаф аз ташхиси ҳатмӣ "пешгирӣ ва ошкор кардани олудашавии кӯдакон ба ВИЧ аст ва он бояд бепул анҷом дода шавад".

"Шояд аз миёни ҳазорҳо кӯдак як ё ду нафари онҳо ба ин вирус олуда бошанд. Вазорат тасмим гирифт, бо ҳар роҳе вирусро дар бадани ҳам кӯдакон ва ҳам калонсолон муайян кунад ва як роҳаш ҳамин аст," -- шарҳ дод мусоҳиби мо.

Ҳатмӣ шудани ташхиси ВИЧ пеш аз хатна барои писарон дар ҳолест, ки дар як соли гузашта дар Тоҷикистон дар вуҷуди 130 кӯдак вируси норасоии масунияти бадан ошкор карда шудааст. Аз ин шумора 82 нафар писар ҳастанд.

Мақомот мегӯянд, кашфи гирифтории кӯдакони то 14-сола ба ин вирус дар муқоиса ба як соли пеш афзудааст. Пизишкон мегӯянд, баъзе аз кӯдакон аз модар бо ин вирус ба дунё омадаанд.

Гулбаҳор, модари ҷавон аз шаҳри Бохтар, ҳафтаи гузашта барои хатна ду писари хурдсолашро ба маркази саломатии маҳалли зисташ бурдааст. Табибон ба ӯ гуфтаанд, пеш аз хатна бояд писаронашро аз ташхиси вируси норасоии масунияти бадан ё ВИЧ гузаронад.

Гулбаҳор мегӯяд, ҳарчанд натиҷаи ташхис писаронашро сиҳат нишон дод, аммо дар оғоз сахт тарсид. "Нигарон шудам, ки писаронам ба ин вирус олуда шудаанд. Фақат барои ташхиси ду нафар 52 сомонӣ супурдем. Хатнаро ҳам ройгон гуфтанд, аммо барои ду нафар ҳудуди 150 сомонӣ сарф кардем," -- нақл кард ӯ.

Дар маркази саломатии шаҳри Бохтар гуфтанд, "ҳама навъ ташхисе, ки пеш аз хатна гузашта мешавад, бепул аст."

Аз сӯйи дигар, дар ҷомеаи тоҷик, хабари бемор будани одамон ва ҳам гирифторӣ ба касалиҳои сироятӣ дуруст қабул карда намешавад. Ба ин хотир ҳам, модарон аксаран ин мавзӯъро пинҳон мекунанд, то фарзандони онҳо байни дигар атфол роҳат таҳсилу бозӣ дошта бошанд.

Дилшод Сайбурҳонов, муовини раиси Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВИЧ, рӯзи 7-уми январ гуфт, "натанҳо пеш аз хатна, балки қабл аз ҳама навъ ҷарроҳиҳо ташхиси ВИЧ ҳатмӣ аст."

Ӯ гуфт: "Тамоми кӯдакони то яксола бояд қабл аз ҳамагуна ҷарроҳӣ аз ташхиси ВИЧ гузаронида шаванд. Ҳоло ин навъи ташхисро дар ҳама ҷо гузаштан имкон дорад, ҳатто дар марказҳои саломатӣ. Вақте хатнаро дар хона манъ карданд, ҳамон замон қарор шуда буд, ки пеш аз хатна дар муассисаҳои тиббӣ бояд аз ташхисҳо, аз ҷумла ВИЧ гузаронида шаванд."

Ҳукумати Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2019 хатнаи писаронро дар хона, ки умдатан “устоҳои касбӣ” анҷом медоданд, манъ кард. Барои анҷоми ин амалиёт дар хона ҷарима пешбинӣ шудааст.

Он замон мақомот гуфта буданд, ки маҳз хатна дар хона ва дар ҳолати ғайрисанитарӣ эҳтимоли сироятёбии кӯдаконро ба вируси ҳепатит ва ВИЧ бештар мекунад.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, соли 2019 дар саросари кишвар беш аз 81 ҳазор кӯдакро хатна кардаанд.

Бори аввал дар Тоҷикистон вируси норасоии масунияти бадан дар кӯдакон соли 2002 ошкор шуда буд. Ва ҳоло дар Тоҷикистон дар маҷмуъ ҳудуди 800 кӯдаки олуда ба ВИЧ қарор доранд.

XS
SM
MD
LG