Ссылки доступа

Ҳукумати Ишқобод даҳҳо хонаводаи ҳавонавардонро аз сарпаноҳ махрум мекунад


Даҳҳо хонаводаи кормандони ширкати миллии ҳавопаймоии "Тукрманҳавоёлларӣ" мегӯянд, ҳукумати шаҳри Ишқобод онҳоро аз сарпаноҳашон маҳрум мекунад.

Дар сурати тахриби хобгоҳи умумӣ ҳудуди 47 хонаводаи кормандони ширкати мазкур мумкин аст, дар кӯча монанд.

"Мо эҳтиёҷманди кумакем, ҳар гуна кумак. Ҳадди ақал хабар расонидан дар бораи вазъи мо. Миёни мо сарнишинон, меҳмондорони ҳавопаймо, кормандони техникӣ, кормандони хадамоти амнияти парвозҳо ва ғайра ҳастанд. Вазъи мо хеле душвор аст", - гуфтанд сокинони хобгоҳ ба шарти ифшо нашудани номашон.

Дар айни ҳол об, барқ ва гармидиҳии хобгоҳ қатъ шуда, сокинонро маҷбур доранд, ки биноро тарк кунанд. Аммо онҳо мегӯянд, дар ин сардии зимистон ҷое барои рафтан надоранд.

Қарор аст, дар ивази хобгоҳ ҳукумати шаҳри Ишқобод бинои замонавӣ ва баландтаре бунёд кунад.

XS
SM
MD
LG