Ссылки доступа

Сокинони Жанаозен аз гароншавии қимати газ нигаронанд


Сокинон ва соҳибкорони шаҳри Жанаозени Қазоқистон рӯзи 6 январ назди бинои ҳукумати шаҳр ҷамъ омада, ба болоравии қимати газ эътироз карданд.

Ахиран як литр газ дар Жанаозен аз 53-55 танга ба 63-65 танга (наздики 17 сенти ИМА) расидааст ва сокинон талаб доранд, ки мақомот сабабҳои якбора боло рафтани қимати газро шарҳ диҳанд.

Раиси шаҳр ваъда кард, ки нархи пешини газ барқарор хоҳад шуд.

Дар Жанаозен аз ибтидои соли ҷорӣ қимати газ 20 дарсад боло рафтааст.

Шоми 6 январ ҳокими шаҳр Максат Ибагаров дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мулоқот бо соҳибкорон хабар дод ва навишт, ки газ бо қимати 55 тангаӣ барои ҳар литр фурӯхта мешавад.

Ширкати "Корхонаи коркарди гази қазоқӣ" ягона ширкати таъминкунандаи газ дар шаҳри Жанаозен аст. Ин корхона моҳона то 14 ҳазор тона газ истеҳсол мекунад. Дар ҳоле ки шаҳр ба 17 ҳазор тона газ дар моҳ ниёз дорад. Мақомоти Қазоқистон аз минтақаҳои дигари кишвар камомади газро таъмин мекунад.

XS
SM
MD
LG