Ссылки доступа

Блогери ӯзбекро барои бозтоби интихоботи порлумонӣ ҳамҷинсгаро номиданд (видео)


Раҳбари пешини Қабулгоҳи мардумии шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон Ҷамшед Умаров блогери 30-сола Темур Сатторовро, ки мехост, раванди интихоботи порлумониро дар қитъаи раъйдиҳии 74 назорат кунад, ҳамҷинсгаро номид.

Умаров талош кардааст, дурбини блогерро бигирад ва ӯро аз қитъаи интихоботӣ биронад. Дар Комиссияи вилоятии интихоботии Самарқанд гуфтанд, ки шикояти блогерро ба пулис фиристодаанд.

Сатторов аз зумраи блогерони ӯзбеке ҳаст, ки барои бозтоби раванди интихоботи порлумонии Ӯзбекистон иҷозатнома дарёфт кардааст. Ӯ 5 январ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз рафти интихобот дар қитъаи рақами 74 пахши мустақимеро ба роҳ монд.

"Дурбинатро гир! Ман намегузорам ту ба навор бигирӣ! Фаҳмидӣ, ноодам! Рав ришатро тарош", - мегӯяд Умаров дар хитоб ба Сатторов. "Ман блогер ҳастам. Иҷозатнома дорам. Хоҳиш мекунам, дод назанед", - мегӯяд блогер дар посух, вале Умаров ба симои зоҳирии блогер эрод мегирад.

Сатторов гуфт, пас аз ин ҳодиса ба Комиссияи вилоятии интихоботии Самарқанд шикоят бурдааст.

XS
SM
MD
LG