Ссылки доступа

Мақоми амрикоӣ аз таҳдиди Эрон ба Тоҷикистон низ ҳушдор дод


Элис Уэллс, муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА шоми 7-уми январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе аз куштори раҳбари нирӯҳои қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон Қосими Сулаймонӣ ҳимоят кард. Хонум Уэллс бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст.

Қосим Сулаймонӣ рӯзи 3-юми январ дар як ҳамлаи ҳавоии низомиёни амрикоӣ дар Бағдод кушта шуд ва ин ҳодиса равобити Амрикову Эронро хеле пуртаниш кард.

Элис Уэллс зимни суҳбат бо журналистон дар Душанбе гуфт, ки Сулаймонӣ "нақшаҳои ҳамла ба амрикоиҳоро хеле фаъолона тарҳрезӣ мекард". Бо ин вуҷуд, ӯ таъкид кард, ҳама иқдоми ИМА дар робита бо Эрон хусусияти "боздоранда" хоҳад дошт.

Ӯ гуфт: "Мо дар остонаи ҷанги эҳтимолӣ қарор надорем ва набояд бошем. Ҳадафи Амрико гирифтани пеши роҳи тавсеаи хушунатҳо дар минтақа аст, ки Эрон паҳн мекунад. Шумо фаъолиятҳои Эронро ба соддагӣ нодида гирифта наметавонед. Ба он чи ки Эрон дар Сурия, Лубнон, Яман, Афғонистон, марзи шумо анҷом медиҳад, нигоҳ кунед. Бесуботие, ки Эрон эҷод мекунад, ба суботи Тоҷикистон хатари мустақим эҷод мекунад. Амрико дар фикри ҷорӣ кардани тадбирҳои боздоранда аст, то ки Эрон дарк кунад, паёмадҳои амалаш аз роҳҳои мустақим тавассути Сипоҳи посдорон ваё нирӯҳои Қудс ваё ғайримустақим аз роҳи гурӯҳҳои марбут ба он дар минтақа чӣ мешавад."

Элис Уэллс рӯзи 6-уми январ бо сафари дурӯза вориди Душанбе шуд. Вай бо мақомоти тоҷик, аз ҷумла вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазирони корҳои дохилӣ, энергетика, мудофиа, амнияти давлатӣ ва дигарон пиромуни таҳкими ҳамкориҳои амниятии минтақавӣ, тавсеаи равобити иқтисодиву энержӣ, ислоҳоти мақомоти умури дохилӣ ва рушди равобити минтақаӣ суҳбат кард.

Ин сафари тарҳрезишуда буда, тахминан як моҳ пас аз он ба вуқуъ мепайвандад ки Амрико гуфт, дар соли 2019 равобити Вашингтон бо 5 кишвари Осиёи Марказӣ рушд намудааст.

Таваҷҷӯҳи Иёлоти Муттаҳида ба Осиёи Марказӣ дар ҳоле бештар мешавад, ки Чин бо истифода аз нуфузи иқтисодиву сиёсӣ талош мекунад паноҳҷӯён аз вилояти Шинҷонро, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сар мебаранд, ба Пекин бозгардонад.

XS
SM
MD
LG