Ссылки доступа

Ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорони Эрон ба ду пойгоҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ


Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон бомдоди чаҳоршанбеи 8-уми январ аз ҳамлаи интиқомҷӯёнаи худ ба ду пойгоҳи ироқӣ, ки нерӯҳои амрикоӣ дар он мустақар ҳастанд, хабар дод.

Мақомоти амрикоӣ ин ҳамлаҳоро таъйид карданд. Масъулони ироқӣ то кунун ба ин ҳодиса вокуниш нишон надодаанд.

Cипоҳи посдорон мегӯяд, ки дар соати кушта шудани Қосим Сулаймонӣ ба дасти Амрико, ду пойгоҳи ин кишварро мушакборон кардааст. Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи посдорони Эрон субҳи ҷумъаи 3-юми январ бо дастури Доналд Трамп аз сӯи артиши Амрико дар наздикии фурудгоҳи Бағдод кушта шуд.

Сипоҳи посдорони Эрон дар хабарномае эълон кард, ки "размандагони шуҷои нерӯҳои фазоии Сипоҳ дар амалиёте муваффақомез ба номи шаҳид Сулаймонӣ, бо партоби даҳҳо мушаки "Замин ба замин", пойгоҳи Айн-ул-Асад"-ро дарҳам кӯбиданд".

Вазири умури хориҷии Эрон пас аз ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорон ба ду пойгоҳи низомии Амрико дар Ироқ, дар "Твиттер" навишт, ки ин ҳамлаҳо "мутаносиб ва барои дифоъ аз худ" буда ва тамом шудааст.

Муҳаммадҷавод Зариф навиштааст, "Эрон мутобиқ бо банди 51-и маншури Созмони Милали Муттаҳид иқдомоти мутаносиб дар дифоъ аз худ анҷом дод ва пойгоҳеро, ки аз он ҳамлаи буздилона алайҳи шаҳрвандон ва мақомҳои баландпояи мо анҷом шуда буд, ҳадаф қарор дод". Вай афзуд, "мо ба дунболи боло гирифтани таниш ё ҷанг нестем. Аммо аз худамон дар баробари ҳар ҳуҷуме дифоъ мекунем".

Пойгоҳи ҳавоии Айн-ул-Асад бузургтарин пойгоҳи нерӯҳои низомии Амрико дар Ироқ ба шумор меравад. Ин пойгоҳ дар вилояти Анбор дар ғарби Ироқ қарор дорад. Дувумин пойгоҳе, ки ҳадаф қарор гирифт, дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Арбили Курдистони Ироқ аст.

Вазорати дифои Амрико таъйид кардааст, ки беш аз дувоздаҳ мушак ба пойгоҳи Айн-ул Асад дар вилояти Анбори Ироқ ва як пойгоҳи дигар дар Арбил партоб шудааст. Гузорише аз талафоти ҳамлаҳои мушакии Сипоҳ нашр нашудааст.

Пойгоҳи Айн-ул-Асад ки мавриди ҳамлаи мушакии Сипоҳ қарор гирифтааст, ҳамон пойгоҳе аст, ки 26-уми декабри соли 2018 Доналд Трамп аз он боздид карда буд.

Сипоҳи посдорон ба кишварҳои минтақа ҳушдор додааст, ки агар аз пойгоҳҳои Амрико дар ин кишварҳо ҳамлае сурат бигирад, онҳоро ҳадаф қарор хоҳад дод.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико чанд соат пас аз ҳамлаи мушакии Эрон дар "Твиттер"-и худ навишт, "ҳама чиз хуб аст! Мушакҳо аз сӯи Эрон ба ду пойгоҳи низомӣ дар Ироқ партоб шуд. Арзёбии талафот ва хисорот дар ҷараён аст. То ҳоло ҳама чиз хуб аст! Мо қавитарин ва муҷаҳҳазтарин артиши дунёро дорем. Фардо субҳ баёнияе мунташир мекунем".

Сухангӯи Кохи Сафед ҳам чанд лаҳза пас аз ҳамлаҳои мушакии Эрон гуфт, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар ҷараёни ҳамлаҳо қарор гирифтааст. "Мо дар ҷараёни гузоришҳои вобаста ба ҳамлаҳо алайҳи пойгоҳҳои Амрико дар Ироқ ҳастем. Раиси ҷумҳур дар ҷараён қарор гирифтаанд ва вазъро аз наздик пайгирӣ мекунанд ва дар ҳоли машварат бо тими амниятии худ аст".

Бо вуҷуди гузоришҳо, ки гуфта мешуд Доналд Трамп дар бораи ҳамлаи мушакӣ суханронӣ мекунад, сухангӯи Кохи Сафед эълом кард, ки президент дар ин замина суханронӣ нахоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури ИМА қонунгузорони баландпояи Амрикоро дар ҷараёни ҳамлаҳои мушакии Сипоҳи посдорон қарор дод.

Рӯйдодҳои ахири Ироқ бо кушта шудани Қосим Сулаймонӣ минтақаи Ховари Миёнаро вориди шароити навине кардааст ва бӯҳрони 41 соли ахир дар муносибатҳои Амрико ва Эронро низ вахимтар кардааст. Раҳбарони Ҷумҳурии исломии Эрон ба гирифтани "интиқоми сахт" таъкид карданд.

Мақомоти кишварҳои мухталиф Эрон ва Амрикоро ба хештандорӣ ва коҳиши таниш даъват карданд. Аммо Эрон гуфт, ки дар пайи интиқом аст ва посухи низомӣ медиҳад.

XS
SM
MD
LG