Ссылки доступа

Шоҳзодаи бритониёӣ Гаррӣ ҳамроҳи ҳамсараш аз узвияти хонаводаи шоҳ даст мекашад


Шоҳзодаи Бритониё Гаррӣ ва ҳамсараш Меган тасмим гирифтанд, ки аз мақоми узви хонаводаи шоҳ даст кашанд. Онҳо дар изҳороти худ гуфтаанд, ки мехоҳанд, вақти худро миёни Бритониё ва Амрикои Шимолӣ тақсим кунанд.

Ба гуфтаи Гаррӣ ва Меган, онҳо ба хотири истиқлоли молӣ аз хонаводаи шоҳӣ корро оғоз карданианд.

Онҳо ҳамчунин хабар доданд, ки як бунёди нави хайрияро ташкил кардаанд, вале ҷузъиёти бештареро дар ин бора ироа накарданд.

Қасри Букингем гуфт, тасмими шоҳзода ва ҳамсарашро дар бораи даст кашидан аз мақоми узви хонаводаи шоҳ дарк мекунад. Дар изҳороте, ки расонаҳо нашр кардаанд, омадааст, "барои ҳалли тамоми масоил вақт лозим аст".

Шоҳзода Гаррӣ ва ҳунарманди амрикоӣ Меган Маркл 19 майи соли 2018 издивоҷ карданд. Ин дувумин издивоҷи Меган Маркл аст. Онҳо 6 майи соли 2019 соҳиби писар шуданд.

XS
SM
MD
LG