Ссылки доступа

Мансабдори ӯзбек барои таҳқири блогер $590 ҷарима шуд


Додгоҳи шаҳрии Андиҷон сухангӯи ҳукумати ин шаҳр Гулшаной Кучкароваро дар туҳмат ва таҳқири блогер Хуршед Далиев айбдор ва ҷарима кард.

Бар асоси қарори додгоҳ, Кучкарова 5 575 000 сӯм (590 доллари ИМА) ҷарима шудааст.

Раҳбари сомонаи хабарии Human.uz, рӯзноманигор ва блогер Хуршед Далиев ду моҳ пеш аз сухангӯи шаҳрдории Андиҷон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят карда буд. Кучкарова дар Интернет дар бораи блогер маводи таҳқиркунанда нашр кардааст.

Сухангӯи шаҳрдории Андиҷон ҳамчунин аз корбарон даъват кардааст, ки ба гуруҳи телеграми блогер ворид нашаванд. Ӯ блогерро "хоин, ҳангомасоз" ва узви ҳаракати мамнуи "Ҳизб-ут-Таҳрир" номидааст.

Кучкарова гуфт, блогерро барои он айбдор кард, ки парчами Туркистони Шарқӣ, рамзи ҷонибдории уйғурҳои таъқибшаванда аз сӯи мақомоти Чинро аз парчами ҳаракати мамнуи "Ҳизб-ут-Таҳрир" фарқ накардааст.


XS
SM
MD
LG