Ссылки доступа

$30 барои хариди либос дар як сол. Сокинони Тоҷикистон чӣ мепӯшанд?


Ҳар як сокини Тоҷикистон ба ҳисоби миёна дар як сол барои хариди либос 30 доллар, ҳудуди 300 сомонӣ, харҷ мекардаанд.

Дар ин бора пажӯҳишгарони Маркази байналмилалии тиҷорат дар таҳқиқоти нави худ – "Вазъи кунунии бозори либос дар Тоҷикистон" – хабар доданд. Таҳқиқот дар оғози соли нав нашр шуд. Бино ба омори пешниҳодшуда дар ин пажӯҳиш, барои мисол, як сокини Русия дар сол барои хариди либос 260 доллар, сокинони Қирғизистон 30-35-долларӣ ва сокинони Узбекистон 35-50-долларӣ харҷ мекардаанд.

Пажӯҳишгарон навиштаанд, бо вуҷуди он ки навъҳои либос дар ҷевони сокинони Тоҷикистон бештар мешавад, ба ҳисоби миёна харҷи як сокини оддӣ барои хариди либос дар як сол чандон зиёд нест.

Муаллифон дар натиҷаи назарпурсиҳо дар минтақаҳои кишвар навиштаанд, як сокини оддӣ ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон соле барои хариди либос ба ҷуз аз пойафзол 30 доллар харҷ мекунад. Харҷи сокинони Тоҷикистон барои хариди либос дар муқоиса ба соли 2013-2014 кам шудааст. Дар он солҳо сокинон барои хариди либос мутаносибан 39-42-долларӣ харҷ кардаанд.

Сарфакории сокинон дар хариди либосро муаллифон ба кам шудани пулҳои фиристодаи муҳоҷирон аз хориҷ рабт медиҳанд. Маблағҳои интиқолии муҳоҷирони тоҷик бинобар рукуди иқтисодӣ дар Русия аз 4 миллиарди соли 2013 то ба 1,5 - 2 миллиард доллар дар солҳои 2015-2016 коҳиш ёфт.

Бо он ки Тоҷикистон соле то 400 ҳазор тонна пахта мерӯёнад, бахши аъзами либосро кишвар аз хориҷа ворид мекунад. Дар пайи омӯзиши бозори либос дар Тоҷикистон пажӯҳишгарони Маркази байналмилалии тиҷорат навиштаанд, 77 дарсади воридоти либос ба кишвар аз Чин ва 16 фисади дигар аз Туркия будааст.

Сокинони Тоҷикистон ҳангоми хариди либос бештар ба навъҳои аврупоии он бартарӣ медодаанд. Ин аст, ки бахши аъзам ва ё ҳудуди 50 дарсади растаҳои дӯконҳои либосфурӯшӣ дар бозор ва мағозаҳо дӯхти аврупоӣ ташкил медиҳанд. Танҳо 26 дарсади бозор аз либосҳои миллӣ иборат будааст.

Бино ба навиштаи муаллифони пажӯҳишгарони Маркази байналмилалии тиҷорат, макони асосии фурӯши либос дар Тоҷикистон ҳанӯз бозорҳо боқӣ мемонад. Бозори “Корвон” ва “Меҳргон” дар Душанбе ва “Атуш”-у “Сомониён” дар шаҳри Хуҷанд марказҳои бузурги фурӯши либос дар Тоҷикистон номбар мешаванд.

Дар шарҳи ин ҳолат муаллифони таҳқиқоти "Вазъи кунунии бозори либос дар Тоҷикистон" навиштаанд, "дар Тоҷикистон мағозаҳои фирмавӣ ва брендҳои маъруфӣ либос ҳоло каманд. Ин вазъ аз он ҷост, ки сокинон хосатан аз деҳот ҳангоми хариди либос беш аз ҳама ба нархи он аҳамият медиҳанд, то ба сифаташ. Қобилияти харидории мардум баланд нест ва оилаи миёна, ки аз 5-6 нафар иборат аст, маҷбур аст бахши аъзами будҷаи хонаводаро барои хариди хӯрок ва хароҷоти дигар масраф кунад".

Бо он ки мизони воридоти либос аз хориҷа ба Тоҷикистон назар ба солҳои пеш коҳиш ёфтааст, танҳо дар соли 2017 кишвар аз хориҷа ба 241 миллион долар либос ворид кардааст.

XS
SM
MD
LG