Ду соли охир коргардони амрикоӣ Тинибековаро дар мусобиқаҳо ва тамринҳо ҳамроҳӣ мекард.
"Коргардон тамринҳои Айсулуу, ҳаёти шахсӣ, мусобиқаҳои ӯро сабт мекард. Ин мустанаде дар бораи зиндагии Айсулуу, кӯдакии вай, хонаводааш ва муваффақиятҳояш дар варзиш хоҳад буд. Мо намедонем, ки филм кай ба намоиш медарояд", - гуфт Бойғози Кенҷебоев, як масъули Федератсияи куштии Қирғизистон.
Як созмони байналхалқӣ рӯзи 6 январ эълом кард, ки Айсулуу Тинибекова дар рейтинги беҳтарин занҳои куштигири дунё мақоми аввалро соҳиб шудааст.
Айсулуу Тинибекова рӯзи 20 сентябр дар Ҷоми ҷаҳонии куштигирӣ дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон медали тило касб кард.