Ссылки доступа

Дар Қазоқистон баъди ба минтақаи мамнуъ ворид шудани судяву додситон тафтишот шуруъ шуд


Дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон баъди ба минтақаи мамнуи табиӣ ворид шудани Бакитҷон Ерлан, раиси додгоҳи ноҳияи Иргиз тафтиши хизматӣ шуруъ гардид.

Тафтиши хизматӣ ҳамчунин нисбати Айдос Сагиндиков, додситони ноҳияи Иргиз ҳам сурат мегирад. Аммо ёвари додситон Оркен Ешанов гуфт, ки "додситони ноҳия дар ҳудуди минтақаи мамнуъ ба моҳигирӣ машғул набуд".

Аз мақомоти вилояти Оқтеппа хабар доданд, ки рӯзи 3 январ дар ҳудуди минтақаи мамнуъ шаш касро боздошт кардаанд. Нисбати онҳо парвандаи маъмурӣ кушода шуд. Онҳо дар моҳигирии ғайриқонунӣ гумонбар мешаванд.

Тафтишоти қазия давом дорад. Мақомот ваъда карданд, ки ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ хоҳанд доданд.

XS
SM
MD
LG