Ссылки доступа

Бетаваҷҷуҳии табибони ӯзбек боиси марги модари 27-сола шуд (видео)


Шавҳари сокини 27-солаи шаҳри Қӯқанд Муштарӣ Ғаниева мегӯяд, ҳамсараш баъди таваллуд дар пайи бетаваҷҷуҳии табибон ҷон бохтааст. Аз Ғаниева ду фарзанд -- тифли навзод ва духтарчаи 7-сола боқӣ мондааст.

Ба гуфтаи Даврон Ғаниев, ҳамсари ӯро 17 декабри соли гузашта дар таваллудхонаи шаҳрии Қӯқанд бистарӣ карданд ва вай 2 январ ҷон бохт.

"Баъди таваллуд вазъаш вазнин буд. Хунравӣ дошт, вале табибон гуфтанд, ки як чизи маъмулист ва мегузарад. 20 декабр ҳамсарам аз ҳуш рафт. Сипас табибон аз Фарғона омада, ӯро ҷарроҳӣ карданд, вале бо вуҷуд 2 январ ҷон дод", - афзуд ӯ.

Намояндаи Идораи тандурустии вилояти Фарғона гуфт, ки аз марги Ғаниева хабар дорад, вале ҷузъиёти ҳодисаро намедонад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, раҳбарияти Идораи тандурустии Фарғона дар ҳоли ҳозир дар Қӯқанд буда, ҳодисаро таҳқиқ дорад.

XS
SM
MD
LG