Ссылки доступа

Вокуниши сафорати ИМА ба маъракаҳои зиддиамрикоӣ дар Туркманистон


Сафорати ИМА дар шаҳри Ишқобод ба маъракаи зиддиамрикоии мақомоти Туркманистон дар пайи намоиши филми амрикоии "Шабаҳи шаш", ки ҳаводис ва қаҳрамонҳои он Туркманистонро ба ёд меоранд, вокуниш нишон дод.

Дар посухи кутоҳи сафорат ба дархости бахши туркмании Радиои Озодӣ дар бораи ҷонибдории ИМА аз муносибатҳои созанда ва зич бо Туркманистон гуфта шудааст.

Бахши туркмании Радиои Озодӣ 7 январ иттилоъ дод, ки Мақомоти вилояти Лебапи Туркманистон миёни сокинон маъракаҳои бадномсозии Ғарб, ба вижа ИМА-ро ба роҳ мондаанд. Шоҳидон мегӯянд, мақомоти Туркманистон Амрикоро "душмани Туркманистон" унвон мекунанд.

Ин мулоқотҳо дар мактабҳо ва хонаҳои фарҳангӣ ноҳияҳову шаҳрҳо баргузор мешаванд. Мавзуи асосии гуфтугӯ дар ин мулоқотҳо баррасии филми амрикоии "Шабаҳи шаш" ("6 Underground") аст, ки ахиран ба намоиш даромад.

"Шабаҳи шаш як филми бадеиест, ки аз сӯи ширкати хусусие таҳия шудааст. ИМА ва сафорати Амрико дар Ишқобод ҷонибдори муносибатҳои созанда ва наздик бо Туркманистон аст. Инро Машварати солонаи дуҷонибаи ахир дар Вашингтон, тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар доираи гуруҳи C5+1, муносибатҳои тиҷории ду кишвар, шумори зиёди барномаҳои омӯзишие, ки ду кишвар дар доираи онҳо ҳамкорӣ доранд, собит месозанд", - афзудааст сафорати ИМА.

XS
SM
MD
LG