Ссылки доступа

Кӯчаҳои лабрез аз партови Кӯлоб (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Чорвои сокинони Кокули Фархор куҷо шуд? Даҳҳо сар чорвои сокинон дар деҳаи Кокули ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Фархор -- минтақаи ҳаммарз бо вилояти Тахори Афғонистон, бенишон шудааст. Ба қавли сокинон, нопадидшавии сартосарии чорвои сокинон тӯли як моҳи ахир иттифоқ афтодааст. Онҳо тахмин мезананд, ки шояд чорвояшонро ба он сӯи марзи Афғонистон бурдаанд. Мақомот дар Фархор мегӯянд, ки ҳолати пешомадаро таҳқиқ доранд. (видео)

- Кӯчаҳои лабрез аз партови Кӯлоб. Сокинони шаҳри Кулобро сари вақт тоза накардани партовгоҳҳои назди манзилҳояшон ба дод овардааст (видео)

- Мулло Хайриддин куҷост? Хайриддини Абдуллоҳ бо гузашти 12 рӯз ба манзилаш нарасидааст. Ин рӯҳонии 35 солаи тоҷик аз Русия ба ватан бозгашта буд, аммо ба дидори пайвандонаш имкон наёфт. Ҳамсари Хайриддин Абдуллоҳ мегӯяд, ӯро дар боздоштгоҳ нигоҳ медоранд ва дар бораи айбномааш ба онҳо чизе нагуфтаанд (видео)

- Иддаои шиканҷа шудани се бародар. Як сокини шаҳри Норак иддао дорад, ки маъмурони милисаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт шаби 31-уми декабри соли 2019 се писарашро боздошту шиканҷа кардаанд. Мақомот иддаои шиканҷа шудани бародаронро рад карда, гуфтанд, ки онҳоро ҳамчун гумонбар дар шуъбаи корҳои дохилӣ бозпурсӣ карданд (видео)

- Дар марзи Қирғизистону Қазоқистон садҳо мошини боркаш ҷамъ шудааст. (видео)

- Гуфтугӯ бо мақоми амрикоӣ дар бораи озодӣ, Тоҷикистон ва вазъи Афғонистон. Муовини аввали ёвари котиби давлатии Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, Элис Уэллс, шоми 7-уми январ дар Душанбе дар як суҳбати ихтисосӣ ба чанд суоли Радиои Озодӣ посух гуфт (видео)

- "Ҳамроҳи моро тани луч карда, се рӯз заданд". Посух ба бонуи тоҷик, ки аз бемеҳрӣ шикоят кард, урёну латукуб кардани муҳоҷири тоҷик, мардуми интизори пушти дари ҷамоат дар Муминобод, роҳи хароби Зафаробод ва кӯмаки муҳоҷири тоҷик ба пирамарди дармондаи рус дар Озодӣ Онлайни имрӯз аст (видео)

- Чи гуна кони Қумтор тағйир ёфт: нигоҳ аз моҳвора. (нигористон)

- Шикояти соҳибкор аз шиканҷаи афсарони милиса (видео)

- Ошкоршавии номи баъзе боздоштшудаҳо дар робита бо узвият дар созмони "Ихвон-ул-муслимин" (видео)

- Мудири гимназия афв шуд, вале дар мақомаш намонд (видео)

- Саркубҳо дар Шинҷон ва хомӯшии ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ (видеои Настоящее время)

- На хона, на пул. Эълони ҳукми масъулони собиқи "Манзили дастрас" ба таъхир афтод. Додгоҳи шаҳри Душанбе эълони ҳукми Нурулло Наимов, раиси пешини тарҳи “Манзили дастрас” ва панҷ ҳамроҳи ӯро ба таъхир гузошт. Мақомот онҳоро барои аз худ кардани пули муштариён муттаҳам мекунанд (видео)

- Ҳаводиси соли 2019 дар аксҳо (нигористон)

- Қосим Сулаймонӣ, генерали эронии аз сӯи амрикоиҳо кушташуда кӣ буд? (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG