Ссылки доступа

Сарвазири Қирғизистон ба тақвияти муҳофизати марз дастур дод


Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон дар пайи ҳаводиси ахири марзӣ дар вилояти Бодканди ҳаммарз бо Тоҷикистон ба мақомоти қудратии кишвараш дастур дод, ки муҳофизаи марзро тақвият диҳанд.

Сарвазир ба мақомот дастур додааст, ки марзро пайваста зери назорат гиранд ва амнияти сокинони маҳаллиро таъмин намоянд.

Жениш Разоқов, ноиб-сарвазири Қирғизистон ба тақвияти гуфтугӯҳо бо мақомоти Тоҷикистон дастур додааст. Раиси ҳукумати Қирғизистон гуфт, ҷонибҳо бояд созишҳои ҳосилшударо риоя кунанд.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон мегӯянд, ки шаби 10-уми январ дар марзи ду кишвар муноқиша сар задааст. Ҳодиса дар минтақаи наздимарзии маҳаллаи Сомониёни Исфара ҳаммарз бо Кӯктоши Ботканд рух додааст.

Гуфта мешавад, ки сангандозии сокинон ба сӯи мошинҳои якдигар шабона боиси сар задани ин муноқиша шудааст. Ҷонибҳо сокинон ва низомиёни якдигарро муттаҳам мекунанд, ки даст ба тирандозии ҳавоӣ задаанд.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 10-уми январ бо пахши як изҳорот шаҳрвандони Қирғизистонро дар сар задани ҳодиса гунаҳкор кард. Мақомоти тоҷик мегӯянд, шаҳрвандони Қирғизистон ба сӯи мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистон сангпартоӣ карда, баъдан аз силоҳ низ истифода бурдаанд.

Аммо Дафтари матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфт, ки афроди номаълум ба сӯи шаҳрвандони қирғиз тирпарронӣ карда, сипас дар қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.

Дар изҳороти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки шоми 9-уми январ гурӯҳи калони сокинони маҳаллаи Кӯктош, ки бо силоҳи шикорӣ мусаллаҳ буданд, ба гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз роҳи деҳаи Сомониён монеа эҷод карданд.

"Тахминан соати 21.30 дақиқа онҳо автомошинаи сабукрави тамғаи "Мерседес бенс"-ро, ки ба сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Аъзамов Зафар тааллуқ дорад, сангборон карда, оинаи онро шикастанд. Дар посух ба ин амали иғвогарона, тахминан соати 00.10 дақиқа, сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло воситаи нақлиёти қирғизҳоро бо санг заданд", - гуфта мешавад дар изҳороти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

XS
SM
MD
LG