Ссылки доступа

Швейтсария $1,3 миллиони аз фасодкорон мусодирашударо ба Туркманистон бармегардонад


Швейтсария 1,3 миллион доллари аз фасодкорон мусодирашударо ба Туркманистон бармегардонад.

Дар ин бора дар хабарномаи расмии вазорати корҳои хориҷии Швейтсария иттилоъ дода шудааст.

"Маблағҳои мусодирашуда ба лоиҳаҳои тандурустии Барномаи рушди СММ равона мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Ин созишнома байни Туркманистон ва Швейтсария рӯзи 15 январ ба имзо расид.

Дар хабарномаи расмӣ омадааст, ки маблағҳои мазкур дар доираи мубориза бо фасод аз афроди сиёсие мусодира шудааст, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ онро ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG