Ссылки доступа

Вазорати тандурустии Ӯзбекистон: писарбачаи аз ошёнаи 5 афтода вазъи хуб дорад


Uz

Вазорати тандурустии Ӯзбекистон хабар дод, ки як кӯдак дар шаҳри Тошканд аз ошёни 5 афтодааст.

Дар ноҳияи Олмазори Тошканд рӯзи 14 январ кӯдаки 3-солае аз ошёнаи 5 афтодааст. Ҳамсояҳо ва роҳгузарон ин ҳодисаро шоҳид шуда, кӯдакро наҷот доданд.

Дар интернет навори наҷот додани кӯдак нашр шудааст.

Ёрии таъҷили давоми 7 дақиқа ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, кӯдакро дар бемористон бистарӣ карданд.

XS
SM
MD
LG