Ссылки доступа

Мансабдори ӯзбек ба зертобеаш тавсия медиҳад, худро овезад (садо)


Ба гуруҳи "Telegram"-и бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ навори садоие фиристода шудааст, ки дар он шунида мешавад, чи гуна дар Ӯзбекистон як мансабдор ба тобеони худ суханҳои қабеҳ мегӯяд.

Як корманди Нозироти андози ноҳияи Ромитани Ӯзбекистон, ки наворро фиристодааст, гуфт, он моҳи сентябри соли гузашта дар яке ҷаласаҳои марбут ба ҷамъоварии андоз аз сокинони ноҳия сабт шудааст.

В Бухаре начальник районной налоговой порекомендовал подчиненному повеситься
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:25 0:00

Ҳамсуҳбати мо гуфт, дар навор раҳбари онҳо Нуралӣ Болтаев суҳбат мекунад. Дар он ҷаласа Болтаев нозир Азизбек Ашуровро барои кам ҷамъ кардани пули андоз дашном додааст.

"Ашуров, аз ҷоят хез! Бигӯ, чи қадар пул ҷамъ кардӣ...", - мегӯяд нафаре, ки садояш ба Болтаев монанд аст.

Нозир аз ҷояш нахеста, ба суоли раиси Нозироти андози Ромитан посух мегӯяд. Вале Болтаев ба ғазаб омада, мегӯяд, "барои чӣ ту ... аз ҷоят намехезӣ? Ман ба ту фармон додам, ки аз ҷоят хез? Магар ту ... кар ҳастӣ? Фардо раиси вилоят даъват мекунад, ба ӯ чӣ ҷавоб хоҳӣ дод?", - изҳор медорад Болтаев дар хитоб ба нозир.

Болтаев дар идома кормандашро таҳдид мекунад, ки то охири моҳ "тоб" нахоҳад овард. "Ба ту тавсия медиҳам, ки фардо рав аз бозор банд хар ва худро овез. Гардани ту борик аст, ду метр банд мерасад. Фаҳмидӣ?", - меафзояд сардори Нозироти андози Ромитан.

Ба гуфтаи як вакили дифои ӯзбек, дар Кодекси маъмурии Ӯзбекистон барои суханҳое, ки сардори Нозироти андози Ромитан ба кормандаш гуфтааст, ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

Ду корманди Нозироти андози Ромитан гуфтанд, онҳо борҳо аз рафтори сардори худ шикоят кардаанд, вале ҳар бор раҳбарияти нозироти вилоятӣ шикояти онҳоро нодида мегирад.

Вале худи Болтаев дар як суҳбати телефонӣ дашном додан ва таҳқир кардани кормандонро қотеона рад кард. "Ҳамаи чизе, ки ба шумо гуфтаанд дурӯғ аст. Ба Ашуров ман чизе нагуфтаам. Ингуна суҳбат нашудааст. Ҳоло садоро иваз кардан хеле осон аст", - гуфт ӯ.

XS
SM
MD
LG