Ссылки доступа

Табиб аз кор маҳрум шуд. Барои блогҳои писар, ё бо хоҳиши худ?


Модари як блогери тоҷик, ки дар Олмон донишҷӯст ва дар шабакаи Ютюб аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон дар бораи пӯшидани сатру ҳиҷоб интиқод мекунад, гуфт, ба хотири суханҳои писараш зери фишор қарор гирифтааст.

Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод (Абдураҳмон) Маҳмадҷонов, рӯзи 16-уми январ гуфт, ҳафтаи гузашта ӯро аз кор дар бемористони шаҳри Ваҳдат рондаанд. Масъулони бемористон мегӯянд, ӯ бо хоҳиши худ аризаи аз кор рафтанро навишт.

Шоҳида Маҳмадҷонова мегӯяд, ҳафтаи гузашта аввал ӯро ба идораи амнияти шаҳри Ваҳдат даъват карда, баъди ду рӯз "аз кор озод карданд". Ба гуфтаи Маҳмадҷонова, суҳбати мақомоти амнияти шаҳри Ваҳдат "оромона буд" ва асосан дар бораи писараш пурсидаву талаб кардаанд, ки ӯро аз Олмон баргардонад.

"Гуфтанд, ки писаратонро овардан даркор, гап занед, биёяд. Гуфтам, ҳамеша мегӯям, ки биё, аммо таҳсилашро бояд анҷом диҳад. Мақомот гуфтанд, писаратон муқобили давлат гап мезанад, ба Дастгоҳи иҷроияи президент, Кумитаи дин ва Кумитаи кор бо занон занг задааст," -- гуфт ӯ.

Шерзод Маҳмадҷонов ҳоло дар Олмон донишҷӯ аст ва бо наворҳои интиқодиаш дар бораи сатру ҳиҷоб дар Ютюб машҳур аст. Ин блогери ҷавон ба мақомот, аз ҷумла масъулони Дастгоҳи иҷроияи президент, ВКД, Кумитаи дин ва ниҳодҳои дигар занг зада, дар бораи сатру ҳиҷоб баҳс мекунад ва сабти ин суҳбатҳоро дар Интернет мегузорад.

Қазияи Шоҳида Маҳмадҷонова бо даъват шудан ба идораҳои мақомоти қудратӣ анҷом наёфт ва ба гуфтаи худаш ду рӯз пас дар ҷойи кораш Беморхонаи шаҳри Ваҳдат аз ӯ талаб карданд, аризаи аз кор рафтанашро нависад. Иддаое, ки масъулони ин беморхона рад карда мегӯянд, Маҳмадҷонова бо хоҳиши худаш ариза навиштааст.

"Ба пеши сардухтур даромадам. Гуфт, магар писарат дар бораи ту фикр намекунад, ки муқобили давлат гап мезанад? Сардухтур гуфт, аввал рухсатии меҳнатӣ навис ва баъд бо хоҳиши худат -- аз кор озод," -- афзуд Шоҳида Маҳмадҷонова.

Дар Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат рӯзи 16-уми январ гуфтаҳои модари блогери ҷавонро "беасос" донистанд. Маъсума Қурбоналиева, мудири шуъбаи кадри беморхонаи шаҳри Ваҳдат гуфт, касе ба Шоҳида Маҳмадҷонова фишор наовардааст.

Шоҳида Маҳмадҷонова 20 сол ба ҳайси ҳамшираи шафқат дар бемористон кор кардааст. Мегӯяд, ҳар моҳ 472 сомонӣ маош мегирифт.

Дар ҳамин ҳол, Шерзод (Абдураҳмон) Маҳмадҷонов, гуфт, ба ҳеч қимат аз танқидҳояш дар бораи “рейдҳои мақомот” даст бардоштанӣ нест.

Маҳмадҷонов рӯзи 16-уми январ гуфт, “аз кор рондани модарам сабаб намешавад ки амалҳои худро бас кунам. Аз он ки ҳукумат маро дар кофтукоби байналмилалӣ медиҳад, бояд аз паси ҳалли мушкилиҳо дар кишвар шавад."

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 14-уми январ дар гузориши солонаи худ навишт, "ҳукумати Тоҷикистон барои фишор ба мухолифону мунтақидоне, ки дар табъид ба сар мебаранд, аъзои хонаводаҳои онҳоро дар дохили кишвар мавриди озору азият қарор медиҳад".

XS
SM
MD
LG