Ссылки доступа

Дар Русия то 3300 муҳоҷири ӯзбек дар идораҳои пулис нигаҳдорӣ мешавад


Ҳудуди 3323 муҳоҷири ӯзбекистонӣ дар Русия аз сӯи мақомоти Русия боздошт шудааст.

Дар ин бора рӯзи 23 январ Бахтиёр Турсунов, раиси Оҷонсии муҳоҷирати хориҷии Ӯзбекистон хабар дод.

"Бисёре аз муҳоҷирон бидуни донистани забон ва ҳунаре ба хориҷ мераванд ва ба мушкил дучор мешаванд. Онҳо нохудогоҳ қонунҳои давлатеро поймол мекунанд, ки дар он ҳузур доранд. Дар натиҷа аз кишвари муҳоҷирпазир ихроҷ мешаванд", - гуфт Бахтиёр Турсунов.

Мақомоти муҳоҷирати Ӯзбекистон гуфтанд, дар соли 2019 панҷ муассисаи консулӣ дар Русия таъсис додаанд, ки вазъи зиндагии муҳоҷирон, шароити кори онҳоро меомӯзанд ва ба онҳо кумаки ҳуқуқӣ мерасонанд.

XS
SM
MD
LG