Ссылки доступа

Афсари хадамоти марзбонии Қирғизистонро баъди изҳороти фасодкорӣ, ба додгоҳ кашиданд


Талгат Аланов, афсари хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистонро ба додгоҳ кашиданд. Панҷ ҳамкори вай аз додгоҳ хостанд, ки Алановро 500 ҳазор сом (бештар аз 7 ҳазор доллар) ҷарима бандад.

Афсари хадамоти марзбонӣ дар нишасте рӯзи 27 ноябри соли 2019 дар шаҳри Ӯш гуфт, шоҳиди фасодкорӣ дар хадамоти мазкур шудааст. Баъди ин изҳорот додситонии низомӣ ба тафтиш шуруъ кард. Талгат Аланов мегӯяд, ҳамакнун баъди он баёнияаш ӯро таъқиб ва таҳдид мекунанд.

Афсари хадамоти марзбонии Қирғизистон аз фасодкорӣ дар гузаргоҳҳои "Достук" ва "Иркештам"-и кишвараш ёдовар шуд. Аланов ҳамчунин гуфт, ки роҳбари хадамот аз зердастонаш маблағ талаб мекунад ва мақомҳоро "мефурӯшад".

Рӯзи 21 январ панҷ тан аз ҳамкорони Талгат Аланов ба додгоҳ шикоят бурданд ва талаб карданд, ки Аланов барои изҳороташ ба ҷавобгарӣ ҷалб шавад.

XS
SM
MD
LG