Ссылки доступа

Тақдири 3,8 млн симкорт баъди моҳи феврал чӣ мешавад?


Дар Тоҷикистон қариб 4 млн симкорт ҳанӯз ҳам бо шиносномаҳои соли 1996 фаъол мебошанд. Масъулини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, дар сурати то 15-уми феврал аз қайд нагузаштан бо шиносномаҳои нав, мумкин аст ин симкортҳоро хомӯш кунанд.

Ҳоло маълум нест, ки тақдири қариб 4 миллион симкорт чӣ мешавад.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 27-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суолҳои зиёди рӯзноманигорон эҳтимоли тамдиди мӯҳлати бақайдгири шиносномаҳои навро рад кард ва гуфт агар қонун талаб кунад, онҳо симкортҳоеро, ки то 15-уми феврал аз қайд нагузаштаанд, хомӯш мекунанд. Ҷаноби Атоев гуфт, бовар дорад, ки то 15-уми феврал ҳамаи симкортҳо бо шиносномаи нав сабти ном мешаванд.

Адолат Абдураҳмонзода, муовини дигари раиси Хадамоти алоқа ҳам зимни ин нишасти хабарӣ гуфт, танҳо 3,2 миллион симкортҳо бо шиносномаи нав сабти ном шуда, вале 3,8 миллион симкорт ҳанӯз бо шиносномаҳои соли 1996 фаъол мебошанд.

Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, бояд ҳамаи симкортҳо дар Тоҷикистон бо шиносномаи нав сабти ном шаванд. Дар акси ҳол эҳтимоли хомӯш шудани симкорт вуҷуд дорад. Ин тасмим дар соли гузашта анбӯҳи зиёди одамонро дар назди идораҳои шиносномадиҳӣ ба миён оварда буд ва интиқодҳои зиёдеро ҳам ба думбол дошт.

Қарори ҳукумат дар бораи сабти номи симкортҳо бо шиносномаи нав моҳи феврали соли гузашта сабт шуда, барои ин кор то моҳи август мӯҳлат дода шуд. Вале дар ин муддат ин кор иҷро нашуд ва ҳукумат мӯҳлатро то 15-уми феврали соли 2020 тамдид кард.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа дар ин нишасти хабарӣ омори дигареро пешниҳод карда гуфт, ки аз 3,8 миллион симкорти аз қайд нагузашта, 1,3 миллионаш фаъол ҳастанд.

Масъулини Хадамоти алоқа дар ин нишасти хабарӣ айни замон аз мардум шикоят карданд, ки рӯзҳои охири сабти симкортро мунтазир мешаванд. Аммо дар гузашта аҳолӣ аз он интиқод карданд, ки гирифтани шиносномаи нав барои онҳо гарон аст ва мӯҳлати муқарраршуда низ нокифоя аст.

Баъзе вакилони Маҷлиси намояндагон низ аз ин тасмим интиқод карда гуфта буданд, барои таъмини ҳамаи шаҳрвандон бо шиносномаҳои нав ҳадди ақал 4 сол зарур аст ва дар як сол таъмини мардум бо шиносномаи нав ғайриимкон аст. Аммо мақомот доимо ба дурустии тасмими худ таъкид мекунанд.

XS
SM
MD
LG