Ссылки доступа

Қазоқистон ба ҷустуҷӯи нафт дар мамнуъгоҳ иҷозат дод


Департаменти зистмуҳитии вилояти Қазоқистони Ғарбӣ ба гузаронидани корҳои иктишофӣ дар ҳудуди мамнуъгоҳи Кирсанов иҷозат дод.

Сардори департамент Ербол Куанов рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар ҳудуди минтақаи махсуси муҳофизатшаванда нафт ҷустуҷӯ хоҳад шуд.

"Ҳоло ҷустуҷӯи нафт сурат нахоҳад гирифт. Мо иҷозатномаро додем, вале корҳои иктишофӣ имсол сурат намегиранд", - афзуд ӯ.

Дар мавриди эҳтимоли ҷустуҷӯи нафт дар мамнуъгоҳи Кирсанови Қазоқистон тирамоҳи соли гузашта хабар дода шуд. Корҳои иктишофиро ширкати "Урал Ойл энд Газ" анҷом медиҳад. Соли 2019 дар ҳудуди парваришгоҳ роҳ ва пулеро барои равуои нақлиёт бунёд карда буданд. Дар баррасиҳои ом сокинони маҳаллӣ аз ҷустуҷӯи нафт дар ҳудуди парваришгоҳ ҷонибдорӣ карданд, вале чандин шарт ҳам пеш гузоштанд, ки яке аз онҳо бунёди роҳҳо аст.

Ин мамнуъгоҳ соли 1967 дар Қазоқистони Ғарбӣ дар соҳили рӯдхонаи Урал ташкил шуда, дар он ҳайвонҳои нодир нигаҳдорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG