Ссылки доступа

40 донишҷӯи қирғиз аз Чин ба ватан баргардонида шуданд


Вазорати тандурустии Қирғизистон эълом кард, ки 40 донишҷӯи дигари ин кишвар аз Чин ба ватан оварда шуданд.

Ин донишҷӯёнро тариқи парвози "Пекин-Алмато" ва бо дастгирии ҷониби Қазоқистон ба ватан баргардондаанд. Донишҷӯён ба хотири қатъи парвозҳо дар Урумчии Чин дармонда буданд.

Ба огаҳии вазорат, ҳамаи донишҷӯён дар беморхонаи махсус бистарӣ ва дар карантин нигаҳдорӣ хоҳанд шуд. Вазъашон қаноатбахш аст.

Дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистон ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар гузаргоҳҳои марзӣ ва фурудгоҳҳои Қирғизистон назорати санитарӣ ба роҳ монда шудааст.

Шумори умуии онҳое, ки ба коронавирус гирифтор шудаанд, ҳудуди 60 ҳазор нафарро ташкил дода, беш аз 1 ҳазору 300 танашон ҷон бохтаанд. Ҳудуди шаш ҳазор одам шифо ёфтааст.

Дирӯз дар шаҳри Лондон низ нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд. Ба иттилои Би-би-сӣ, бемор чанд рӯз пеш аз Чин ба Лондон сафар кардааст. Ин аллакай нуҳумин ҳолати гирифторӣ ба вируси мазкур дар Бритониё аст. Коронавирус аллакай дар 50 кишвар паҳн шудааст.

.

XS
SM
MD
LG