Ссылки доступа

Пешниҳоди андозситонӣ аз месенҷерҳо (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Осиё: 171 қазоқистонӣ ва 40 қирғизистонӣ ба ватан оварда шуданд. 171 шаҳрванди Қазоқистон ва 40 шаҳрванди Қирғизистон бо ҳавопаймои масири Пекин-Алмато ба ватан оварда шуданд. Дар шаҳрҳои Қирғизистон пеш аз интихоботҳо шумори сокинон меафзояд. Тоҷикистон мегӯяд, дар се соли оянда аз чин қарз гирифтанӣ нест. (видеои Настоящее время)

- Дар Қирғизистон тақрибан ҷарроҳии пайванди узв сурат намегирад. Ҳама ба Ҳиндустон мераванд. (видео аз Директ)​

- Донишҷӯёни ӯзбек донишгоҳҳои Тоҷикистонро тарк мекунанд.(нигористон)​

- Раис ҷалби духтарони наврасро ба пешвози раҳбарон шарҳ дод. Раиси ноҳияи Темурмалик баъд аз 3 моҳ иқрор кард, ки дар фасли сармо ва ҳангоми кушодани як дӯкони доруи ҳайвонот ва иншооти дигар духтаронро бо либоси баҳорӣ ба пешвозаш баровардаанд, аммо онро кори дасти тобеонаш номид (видео)

- Ҳукми масъулони "Манзили дастрас" эълон шуд. Пас аз як соли таҳқиқу баррасӣ имрӯз Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми масъулини собиқи ширкати "Манзили дастрас"-ро содир кард. Акнун раиси пешини ин ширкат солҳои тӯлонӣ пушти панҷара хоҳад буд (видео)

- Пешниҳоди андозситонӣ аз месенҷерҳо. Мақомоти андози Тоҷикистон мегӯянд ,бо айби мессенҷерҳои интернетӣ дар ним соли гузашта ширкатҳои мобилӣ андози кам супурдаанд. Ин ниҳод дар фикри андозситонӣ аз намояндагиҳои паёмрасонҳо шудааст (видео)

- “Аввал нархи картошкаро арзон кунанд, баъд ҷашн гиранд”. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон пурсиданд, ки назарашон ба таҷлили иди картошка ва идҳои ба ин монанд чист? Ҷавобҳоро дар видео бинед (видео)

- "Ҳамааш фиреби мардум аст... коре карда наметавонед". Дар барномаи имрӯз аввал дар бораи хонасозиҳои баҳсбарангез дар Кӯлобу Душанбе суҳбат мекунем ва сипас видеои паланги барфиро мебинем, ки сокинони як деҳаи Ванҷ онро доштаанд. Бубинед, бо ин ҷонвар чӣ кардаанд (видео)

- Танбеҳи мақомдори Кумитаи занон ба хотири зиёдаравӣ дар қазияи зани ҳиҷобпӯш. Як корманди Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон дар робита ба қазияи сокини Душанбе Нилуфар Раҷабова танбеҳ гирифтааст. Раҷабова дар нимаҳои моҳи декабр дар ҷараёни корҳои "фаҳмондадиҳӣ"-и мақомот зидди "либос ва фарҳанги бегона", ба идораи пулис бурда шуд ва баъдан шикоят кард, ки азият шудааст (видео)

- Сиёсатмадор Сайфулин кӣ аст ва чаро ӯро ба ҷосусӣ ба нафъи Русия Ӯзбекистон айбдор мекунад. (видеои Настоящее время)

- Мақомоти Қазоқистон шумори боздоштшудагонро дар пайи низои кордай ошкор намекунанд. (видео)

- Мушкили дарёфти замин барои сохтмони манзил, вале на барои пулдорон (видео)

- 46 тоҷикистонӣ аз Вуҳани Чин баргаштанд (видео)

- Боздошти 5 нозири маҳбас бо иттиҳоми фасод (видео)

- Ҷамила Стехликова дар бораи сабабҳои низои ахири Қазоқистон: "Ин гуна ҳодисаҳо замоне рух медиҳанд, ки дигар мардум ба касе бовар намекунанд". (видеои Настоящее время)

- Садҳо сокини Қазоқистон дар пайи низоъ дар ноҳияи Кордай гуреза шуданд. (видеои Настоящее время)​

- Дар интихоботи пеш аз муҳлати порлумонии Озарбойҷон кадом қонуншиканиҳо мушоҳида шуданд? (видеои Настоящее время)​

- Ҳамлаҳо дар интихоботи Озарбойҷон​. (видеои Настоящее время)​

- "Деҳаи бевазанон" дар Ҳироти Афғонистон: оқибати тиҷорати маводи мухаддир (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG