Ссылки доступа

ОБЭА гуфтааст, дар бунёди нерӯгоҳи атомӣ ба Ӯзбекистон кумак мекунад


Дар қароргоҳи Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ (ОБЭА) дар шаҳри Вена аз 10 то 14 феврал конфронси байналмилалӣ дар мавзуи амнияти атомӣ ҷараён дорад.

Ҳайати Ӯзбекистон ба раҳбарии вазири энержии ин кишвар Алишер Султонов дар Вена бо мудири кулли ОБЭА Мариано Гроссӣ мулоқот кард, ки бори дувум раҳбари оҷонс интихоб шуд.

Ба огаҳии вазорат, раҳбарияти ОБЭА омодагии ҳамаҷонибаи худро барои кумак ба Ӯзбекистон дар бахши тақвияти энержии атомӣ баён намудааст.

"Ҳамчунин раҳбарияти ОБЭА изҳор дошт, ки омодаанд дар бахши амнияти атомӣ ва иҷрои тарҳи бузурги бунёди нерӯгоҳи атомӣ дар Ӯзбекистон мусоидат кунанд", - афзудааст вазорат.

Мудири кулли "Росатом" Алексей Лихачев 3 сентябри соли гузашта дар шаҳри Тошканд гуфта буд, ки сохтмони нерӯгоҳи атомӣ дар Ӯзбекистон соли 2020 шуруъ мешавад.

XS
SM
MD
LG