Ссылки доступа

Амрико ва Толибон ба тавофуқи сулҳ "наздик шудаанд"


Гуфтугӯи ҳайати Толибон дар Қатар
Гуфтугӯи ҳайати Толибон дар Қатар

Тибқи гузоришҳои расонаҳои муътабари байналмилалӣ, Амрико ва Толибон баъд аз беш аз як соли гуфтугӯҳо, ба тавофуқи сулҳ наздик шудаанд.

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон бо нашри як паём дар "Твиттер" гуфт, ки Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар як тамоси телефонӣ бо вай аз "пешрафтҳо" дар музокироти сулҳ бо Толибон хабар додааст. Оқои Ғанӣ ба нақл аз вазири хориҷаи Амрико навиштааст, ки Толибон пешниҳод кардаанд, ки хушунатҳоро коҳиш медиҳанд.

Тибқи ин гузоришҳо, Толибон пешниҳоди як ҳафта оташбас дар Афғонистонро доданд, то бо Амрико гуфтугӯҳои густурда барои расидан ба сулҳ анҷом диҳанд. Гурӯҳи Толибон хоҳони хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва хориҷӣ аз Афғонистон аст ва Амрико низ мехоҳад ин гурӯҳи тундрав итминон диҳад, ки бо хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ, амнияти Афғонистон ба хатар нахоҳад афтод.

Амрико ҳамчунин хоҳони гуфтугӯи мустақими Толибон бо ҳукумати Афғонистон аст. Аммо Толибон то ҳол ин пешниҳодро қабул накарда, ҳукумати Афғонистонро "дастнишонда"-и хориҷиҳо медонанд.

Яке аз мушовири раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, Доналд Трамп барои созиши сулҳ бо Толибон "чароғи сабз" нишон додааст ва агар хушунатҳо дар Афғонистон поён ёбад, Амрико омодаи коҳиши нерӯҳои худ дар ин кишвар аст.

Оқои Трамп ҳам рӯзи панҷшанбе гуфт, фикр мекунад, "фурсати хубе" барои даст ёфтан ба як созиш бо Толибон дар Афғонистон то поёни моҳи феврал вуҷуд дорад. Доналд Трамп дар як мусоҳибаи радиоӣ дар посух ба суол дар бораи созиш бо Толибон гуфт, "фикр мекунам мо барои ҳосил шудани як созиш наздик шудаем. Фикр мекунам, фурсати хубе вуҷуд дорад, ки ба як созиш бирасем. Мо тайи ду ҳафтаи оянда хоҳем дид, ки чӣ рух медиҳад".

Марк Эспер, вазири дифои Амрико ҳам хабар дод, ки ду тараф дар ҳоли гуфтугӯ барои коҳиши хушунат ё оташбас барои як ҳафта ҳастанд.

Як манбаи огоҳ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, Амрико ва Толибон эҳтимолан то поёни моҳи феврал тавофуқро имзо хоҳанд кард. Ин хабаргузорӣ ҳамзамон навиштааст, ки созиш байни Амрико ва Толибон дар музокироти Қатар, метавонад заминаи хуруҷи ҳудуди 13 ҳазор нерӯи амрикоӣ аз Афғонистонро фароҳам кунад.

Дар ҳамин ҳол, як дипломати ғарбӣ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, дархост барои коҳиши чашмгири хушунатҳо метавонад яке аз сабабҳои бунбаст дар музокирот байни Амрико ва Толибон бошад. Майк Помпео ҳам гуфтааст, ки музокироти ҷорӣ бо гурӯҳи Толибон печида аст ва ҳанӯз созише байни ду тараф ҳосил нашудааст.

Нерӯҳои амрикоӣ соли 2001 ба ҳадафи сарнагун кардани Толибон ва аз байн бурдани Ал-Қоида ба Афғонистон ҳамла карданд. Дар он замон Толибон дар Афғонистон ҳукумат мекарданд ва Усома бин Лодин ва дигар раҳбарони Ал-Қоида, ки ҳамлаҳои террористии ёздаҳуми сентябрро тарҳрезӣ карда буданд, дар Афғонистон паноҳ бурда буданд.

Мақомҳои ҳукуматии Афғонистон мегӯяд, гурӯҳи Толибон дар ҳоли ҳозир ҳудуди 40 дарсад аз қаламрави ин кишварро таҳти назорат дорад.

XS
SM
MD
LG