Ссылки доступа

Дар шаҳри Тошканд барои мардикорзанон марказ таъсис шуд


Дар ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканди Ӯзбекистон маркази наве барои занони мардикор таъсис шуд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.

Дар маросими кушоиши марказ намояндагони расмии Кумитаи занони Ӯзбекистон ва Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ширкат карданд.

Дар марказ ошхона, иҷораи таҷҳизоти корӣ, иттилоъ дар бораи ҳифзи меҳнат ва имконот барои фароғат фароҳам оварда шудааст.

Нозим Ҳусанов, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ӯзбекистон гуфт, кормандони маркази нав ба занҳо дар пайдо кардани кори муваққат тавассути барнома ё замимаи махсуси мобилӣ кумак мерасонанд.

Ба иттилои вазир, давоми соли ҷорӣ дар шаҳр ва вилояти Тошканд шаш маркази дигари кумак ба мардикорон таъсис хоҳад шуд. Интизор меравад, дар сурати зарурат дар марказҳои маъмурии минтақаҳои дигари Ӯзбекистон чунин марказҳо таъсис шаванд.

Бекории тӯлонӣ дар Ӯзбекистон боис гардид, ки дар бархе аз минтақаҳои ин кишвар бозорҳои худҷӯши мардикорзанон таъсис шавад. Ин бори аввал аст, ки мақомоти Ӯзбекистон мавҷудияти мардикорзанонро эътироф ва барои онҳо шароит фароҳам меоранд.

XS
SM
MD
LG