Ссылки доступа

Ҳукумат боз "Шоҳамбарӣ" ва "Зумрад"-ро аз андозу боҷ озод кард


Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор воридоти маҳсулоти сохтмониро ба осоишгоҳҳои "Зумрад" дар Исфара ва "Шоҳамбарӣ" дар Ҳисор аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз озод кард.

OCCRP (Organized Crime and Corruption Reporting Project) ё Барномаи Гузоришгарӣ дар бораи Ҷароими Созмонёфта ва Фасод моҳи декабри соли 2019 гузориш дод, ки осоишгоҳҳои "Зумрад" ва "Шоҳамбарӣ" ба ширкатҳои хонаводаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ доранд.

Қабл аз ин, моҳи июли соли 2019, ҳукумат бо судури айни чунин қарор маводи сохтмонӣ барои Осоишгоҳи "Зумрад" ва ду ширкати дигарро аз пардохти андозу боҷи гумрукӣ озод карда буд.

Маълум нест, дар натиҷаи ин қарорҳо буҷаи Тоҷикистон чӣ қадар маблағро аз даст медиҳад. Аммо мувофиқи қарори рақами 81-и ҳукумати Тоҷикистон, ки 8-уми феврал имзо шуда, рӯзи 24-уми феврал дастраси Радиои Озодӣ гардид, моликони осоишгоҳҳои “Зумурад” ва ”Шоҳамбарӣ” 88 номгӯй масолеҳи сохтмониро метавонанд бе пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз ба кишвар ворид кунанд.

Дар рӯйхате, ки ба қарори ҳукумати замима шудааст, аз рахти хобу курсиву ҷевон то пардаву унитаз ва дастаи дару ҷумаки об навишта шудааст.

Ба гузориши OCCRP, осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” моҳи июни соли 2016 ба маблағи 395 ҳазор доллар ба ширкати “Рӯҳафзо-2015” фурӯхта шудааст.

Яке аз моликони ширкати “Рӯҳафзо-2015” Зайнулло Соҳибов, бародари домоди раисҷумҳури Тоҷикистон аст.

Зайнулло Шарифзода (Соҳибов), бародари Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 14-уми феврал раиси Оҷонси хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумат таъин шуд. То ин дам ӯ раиси корхонаи "Сементи Тоҷик" буд.

Муассиси дигари "Рӯҳафзо-2015" ширкати “Самоҳ” аст, ки соҳибаш маълум нест. Вале ин ширкат соли 2016 ҳамроҳи Соҳибов ширкати дигареро бо номи “Фараҳноз-1” таъсис додаанд.

Осоишгоҳи “Зумрад” соли 2015 ба қимати 950 ҳазор доллар ва 600 гектар замини атрофи он ба қимати 91 ҳазор доллар ба ширкати “Сомон Суғд” фурӯхта шудааст.

"Моликони ин ширкат ду домоди президенти Тоҷикистон ва раиси он бародари онҳо Нарзулло Соҳибов аст", -- менависад OCCRP.

Тибқи гузоришҳои ин созмон, бо такя ба гуфтаи коргарони маҳаллӣ, Маҳмадзоир Соҳибов, ки бо духтари бузурги раиси ҷумҳур издивоҷ кардааст, пайваста аз осоишгоҳҳои “Зумрад” ва “Шоҳамбарӣ” хабар мегирад ва бо корҳои сохтмонӣ ошно мешавад.

XS
SM
MD
LG