Ссылки доступа

Нозирони ИДМ: Интихоботи Тоҷикистон "демократӣ" ва "рақобатдор" буд. САҲА чӣ мегӯяд?


Нозирон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё СНГ дар гузориши ниҳоии худ ба интихоботи порлумонии 1-уми март дар Тоҷикистон баҳои мусбат дода, онро "озоду ошкор ва пуррақобат" хондаанд.

Сухан аз интихоботест, ки натиҷааш ҳизби ҳоким ва аҳзоби дигари рӯ ба ҳукумати Тоҷикистонро розӣ ва Ҳизби сотсиал-демократ, ягона нирӯи мухолиф дар ин корзорро норозӣ гузошт. Гузориш рӯзи 12-уми март нашр шуд.​

Нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар хулосаи худ гуфтаанд, давраи сабтиноми номзадҳо, таблиғ, омода кардани ҳавзаву нуқтаҳо ва ройдиҳӣ бе шикасту рехт ва бе қонуншиканӣ гузашт. Дар гузориш аз қавли масъулони Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки то 29-уми феврал, як рӯз пеш аз интихобот, 15 муроҷиат гирифтанд ва дар вақти таъинкардаи қонун баррасӣ намуданд, вале муҳтавои ин муроҷиатҳо ошкор нашудааст. Пештар чунин хулосаро нозирон аз кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай низ баён дошта буданд.

Қаблан гуфта мешуд КМИРТ дар рӯзи баргузории интихобот ва баъд аз он дар бораи қонуншиканиҳо шикояте нагирифтааст. Маълум нест, оё дертар шикояте ба он расидааст ё не. Сокинон ва хабарнигорон дар рӯзи интихобот чанд ҳолати раъй додани як нафар ба ҷойи чанд касро мушоҳида карданд ва навори он лаҳзаҳо дар Интернет гузошта шудааст. Яке аз раисони ҳавзаи ройдиҳӣ ба чунин қонуншиканӣ иқрор карда буд.

Дар гузориши нозирони ИДМ аз қавли мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон омадааст, ки дар робита ба ҷараёни интихобот ягон ҳуқуқвайронкунӣ набуд. Мақомоти додгоҳии Тоҷикистон ба нозирони ИДМ гуфтаанд, дар робита ба интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ ду шикоят баррасӣ карданд, аммо дар мавриди интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагон ягон шикоят дастрас нашуд.

Нозирони кишварҳои собиқи Шӯравӣ бо таваҷҷуҳ ба ин нуктаҳо хулоса кардаанд, ки "интихоботи порлумонии рӯзи якуми март дар Тоҷикистон мутобиқ ба Қонуни асосӣ ва қонун дар бораи интихобот баргузор шуд ва ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи баргузории интихоботҳои демократӣ буд. Ин интихобот бо рақобат ва бозу ошкору озод сурат гирифт."

Ҳайати нозирон ё мушоҳидони СНГ дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон аз 158 нафар иборат буд. Даҳ нафари онҳо мақоми нозири дарозмуддатро доштанд ва маъракаи сабтиноми номзадҳо ва таблиғоти пешазинтихоботиро низ мушоҳида кардаанд.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ, мегӯяд, нозирони ИДМ чун ҳамеша ба тақаллубу қонуншиканиҳо дар интихобот чашм пушидаанд.

Ӯ рӯзи 12-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт: "Баҳои нозирони кишварҳои ИДМ воқеиятҳои интихоботи якуми мартро инъикос намекунад. Зеро муассисони иттиҳод бар асоси манфиатҳои умумӣ муттаҳид шудаанд ва аслан арзишҳои умумиинсонӣ, демократӣ ва меъёрҳои байналмилалиро ҷиҳати муқаррар кардани интихоботи одилона инкор мекунанд".

Ҳакимов илова кард, ки чанд ҳолати қонуншиканиро дар ҷараёни интихобот сабт кардаанд, вале онҳо то ҳанӯз ба КМИРТ ё ниҳодҳои дигар шикоят набурдаанд. "Шикоят бурданро бефоида медонем", - гуфт ӯ.

Интихобот барои 63 курсии Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи 1-уми март баргузор шуд. Ин нахустин интихоботе буд, ки баъди ғайриқонунӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ дар соли 2015 ва бе ҳузури ин ҳизби умдаи мухолифи давлат сурат гирифт.

Барои дарёфти курсиҳои палатаи поёнии порлумон беш аз 230 нафар номзад шуда буданд. Намояндагони ҳизби ҳокими халқии демократӣ, кишоварзӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, демократӣ, сотсиалистӣ ва коммунист аз рӯйи феҳрасти ҳизбӣ ва ҳавзаҳои якмандатӣ ба порлумон роҳ ёфтанд.

Ягона нирӯи мухолиф дар ин интихобот, ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки бо панҷ номзад аз рӯйхати ҳизбӣ вориди корзор шуда буд, бо тақрибан ним дарсади раъйи мардум ба марра нарасид. Ҳизбҳои сиёсӣ барои ворид шудан ба порлумон бояд панҷ дарсади раъйи интихобкунандаҳоро ба даст оранд.

Аз ин пеш нозирони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, як созмони зери назорати Чин, рӯзи дувуми март гуфтанд, ки интихоботи порлумонии Тоҷикистон "демократӣ буд".

Аммо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки як ҳайати хурди нозиронро ба Тоҷикистон фиристода буд, ҳанӯз дар бораи интихобот изҳороте надодааст. Эберҳард Пол, раҳбари ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ба Радиои Озодӣ гуфт, мавқеи худро то ду моҳи дигар маълум мекунанд.

То кунун кишвару созмонҳои ғарбӣ ба интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон баҳои мусбат надода, онро пайваста олуда ба тақаллуб ва ношаффофу ғайридемократӣ хондаанд.

XS
SM
MD
LG