Ссылки доступа

Ташкилоти байналхалқии Mercy Corps ба Ӯзбекистон бармегардад


Вазорати адлияи Ӯзбекистон рӯзи 9 март намояндагии ташкилоти ғайритиҷории байналхалқии "Корпуси Эҳсонкорӣ" (Mercy Corps)-ро сабти ном кард. Идораи марказии ташкилоти мазкур дар ИМА қарор дорад.

Ҳадафи асосии ин ташкилот барқарорӣ ва тақвияти робита байни созмонҳои хусусӣ, давлатӣ ва иҷтимоӣ - бо ҳадафи беҳтарсозии сатҳи зиндагии хонаводаҳо дар деҳот ва шаҳрҳои Ӯзбекистон - аст. Инчунин ташкилоти мазкур беҳтар сохтани шароити таҳсилот, ғизо дар муассисаҳои таҳсилӣ ва такмили зербиноии муассисаҳои таҳсилиро ҳадаф дорад.

Намояндагии ташкилот дар Ӯзбекистон гуфтааст, ки дар солҳои 2020 то 2025 тарҳи "Маҳсулоти ғизоӣ барои таҳсилот ва ғизои кӯдакон дар Ӯзбекистон"-ро роҳандозӣ мекунад. Тарҳи мазкур аз сӯи вазорати кишоварзии ИМА сармоягузорӣ мешавад.

Mercy Corps дар Ӯзбекистон наздики 11 сол (аз соли 1995 то 2006) фаъолият дошт. Дар соли 2005 ин ташкилот дар пинҳон доштани даромадҳо дар ҳаҷми 685 миллион сӯм айбдор шуд. Сарфи назар аз он ки ташкилоти мазкур дар додгоҳ соли 2006 пирӯз шуд, намояндагии онро дар Ӯзбекистон бастанд.

XS
SM
MD
LG