Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон хонандаи синфи 11 баъди паҳни видеои амалҳои маҳрамонааш худро овехт


Дар ноҳияи Янгиюли вилояти Тошканд 9 март ҷасади як хонандаи синфи 11-ро дар ҳамоми манзили зисташон овезон пайдо карданд.

Ҳамдарсони ин духтар мегӯянд, ӯ пас аз нашри видеои амалҳои маҳрамонааш бо ҷавони ношиносе даст ба худкушӣ задааст.

"Дар бораи он ҷавон чизеро намедонем. Чеҳраи ӯ дар навор дида намешавад. Вале мегӯянд, ӯ низ дар мактаби мо мехонад. Вай бо телефонаш амалҳои маҳрамонаро бо духтар сабт ва паҳн кардааст. Ҳоло пулис тамоми хонандагони мактабро бозпурсӣ дорад", - гуфт яке аз ҳамдарсони духтар.

Ҳамсояҳои духтар низ мегӯянд, ба худкушии хонанда паҳни навори амалҳои маҳрамонааш сабаб шудааст.

"Дар телефони бисёриҳо ин навор ҳаст. Ҳатто ба худи ӯ низ фиристодаанд. Зоҳиран духтар натавонист ин шармандагиро таҳаммул кунад ва бинобар ин, худро овехт", - изҳор дошт яке аз ҳамсояҳо.

Дар Идораи пулиси Янгиюл гуфтанд, дар робита ба ҳодисаи мазкур бо банди "Расонидан ба худкушӣ" парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG