Ссылки доступа

Ҳамсари сарвазири Канада гирифтори вируси корона шуд


Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо бо ҳамсараш
Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо бо ҳамсараш

Ҳамсари сарвазири Канада Ҷастин Трюдо ба вируси корона мубтало шудааст. Котиботи сарвазири Канада хабар дод, ки дар ҳоли ҳозир ӯ дар карантин нигаҳдорӣ мешавад.

Трюдо худро хуб ҳис мекунад ва дар ӯ нишонаҳои мубталошавӣ ба вирус мушоҳида намешавад. Вай вазифаҳои сарвазириро давоми 14 рӯз дар ҳолати карантин анҷом хоҳад дод.

Дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк низ нахустин ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ошкор шудааст. Як дипломати филиппинӣ ба вируси нав гирифтор шуда, дар ҳоли ҳозир тамоми ҳайати намояндагии ин кишвар дар СММ дар карантин қарор доранд.

Президенти Бразилия Жаир Болсонару, ки пештар гуфта буд, доманаи паҳншавии вируси нав "аксаран бофта аст", барои коронавирус озмоиш супоридааст. Ӯ баъди ба коронавирус мубтало шудани ёвараш Фабио Вайнгартен аз ташхис гузаштааст. Вайнгартен рӯзи шанбеи гузашта бо ҳайате аз Бразилия дар ИМА қарор дошт ва бо президенти Амрико Доналд Трамп дар як ҷой ғизои нисфирӯзӣ хурда буд. Худи Трамп ба рӯзноманигорон гуфт, ҳеч нигарониеро дар ин замина намебинад.

Дар кишварҳои Аврупо ба иллати коронавирус мактабу донишгоҳҳоро мебанданд. Фаронса аз рӯзи душанбе рафтан ба боғчаву мактабҳоро манъ мекунад. Австрия марзҳои худро ба рӯи онҳое хоҳад баст, ки аз Итолиё меоянд. Итолиё аз нигоҳи паҳншавии коронавирус баъд аз Чин дар мақоми дувум меистад.

XS
SM
MD
LG