Ссылки доступа

Дар Қазоқистон лоиҳаи қонуни "ҷамъомадҳои осоишта" муаррифӣ шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ норозиянд


Вазири иттилоот ва рушди умумии Қазоқистон Даурен Абоев 12 март дар порлумон лоиҳаи қонуни нави "ҳамоишҳои осоишта"-ро муаррифӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, лоиҳа дар 9 минтақаи кишвараш баррасӣ ва ҳамаи пешниҳодҳо "ба инобат гирифта шудааст".

Абоев гуфт, ба лоиҳаи қонуни мазкур пас аз баррасиҳо "тағйироти зиёде" ворид ва бандҳои марбут ба рӯзноманигорон ихтисор шудаанд.

"Бар асоси лоиҳаи нав, дар Қазоқистон гирдиҳамоиҳои осоиштае, ки ба тағйири сохти конститутсионӣ аз роҳи хушунат, нақзи ягонагии он даъват мекунанд, ё ба амнияти давлатӣ хатар доранд, ихтилофҳои иҷтимоӣ, динӣ ва нажодиро бармеангезанд, тартиботи ҷамъиятиро ба ҳам мезананд, ба кори нақлиёт ва зербиноӣ халал мерасонанд, аз сӯи хориҷиҳо ё гуруҳҳои мамнуъ сармоягузорӣ мешаванд, манъ хоҳад буд", - изҳор дошт вакили қазоқ дар порлумон.

Ба гуфтаи вазири иттилоот ва рушди умумии Қазоқистон, ҳоло замоне фаро расидааст, ки сокинони кишвараш бояд фарҳанги баргузории тазоҳуротро донанд.

Вакили порлумони Қазоқистон Берик Дуйсенбинов дар навбати худ пешниҳод кард, ки ба лоиҳа бандеро дар бораи рафтори кормандони таъйиноти махсуси пулис дар ҷараёни тазоҳуротҳо бояд илова кард.

"Агар 25 кас тазоҳурот кунанд, 250 корманди пулис мебарояд. Мегӯед, ҷанг аст. Мардум аз кормандони пулис бештар метарсанд. Кормандони пулисе, ки дар кӯчаҳо мардумро боздошт мекунанд, фарзандони мову шумо ҳастанд, на аз вазирону сардорон. Мо онҳоро душман сохтаем", - изҳор дошт вакили қазоқ.

Ҳомии ҳуқуқи қазоқ Бахитҷон Торегожина мегӯяд, лоиҳаи муаррифишуда "ҳуқуқи инсонро нақз мекунад". "Бо ин лоиҳа розӣ нестам. Он ҳуқуқи иштирокдорон дар ҷамъомадҳои осоишта ва озодии баёнро нақз мекунад. Онҳое, ки онро баррасӣ мекунанд, дар гирдиҳамоиҳо иштирок надоштанд. Онҳо чи гуна метавонанд пешниҳоде ироа ё лоиҳаро танқид кунанд", - афзуд ҳомии ҳуқуқ.

XS
SM
MD
LG