Ссылки доступа

Филм дар бораи амири ӯзбек Мангубердиро бо буҷаи $7-миллионӣ дар Туркия сабт мекунанд


Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон хабар дод, ки филм дар бораи охирин амири давлати Хоразмшоҳӣ - сарлашкар Ҷалолиддин Мангубердӣ дар Туркия сабт мешавад. Филми мазкур аз 26 қисм ва ду мавсим иборат хоҳад буд.

Гуфта мешавад, дар ин филм, ки буҷааш аз 7 миллион доллари ИМА иборат аст, нақши асосиро яке аз бозигарони турк иҷро мекунад.

Моҳи октябри соли 2018 бозигари турк Маҳмад Боздаг ба Тошканд сафар карда буд. Он замон Оҷонси миллии "Ӯзбеккино" хабар дод, ки нақши Муҳаммад Мангубердиро Боздаг мебозад.

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дар як мулоқоташ бо киносозони ӯзбек офаридани филмҳои таърихиро барои ташаккули симоҳои таърихӣ муҳим арзёбӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG