Ссылки доступа

Қазоқистон вазъияти изтирорӣ эълом кард


Сар аз 16 март Қазоқистон ба вазъи изтирорӣ мегузарад. Ин тасмим ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона рӯи даст гирифта шудааст. Иттилоъ дар бораи эъломи вазъи фавқулода дар сомонаи президенти Қазоқистон нашр шуд.

"Дар робита ба бемории фарогир ё пандемия эълом шудани COVID-19 ё вируси корона аз сӯи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, бо ҳадафи ҳифзи ҳаёт ва тандурустии шаҳрвандон дар саросари Қазоқистон аз соати 8 субҳи 16 март то соати 7 субҳи 15 апрел вазъи фавқулода эълом карда мешавад", - омадааст хабари сомонаи президенти Қазоқистон.

Комисияи давлатие ба масоили таъмини низоми ҳолати изтирорӣ машғул хоҳад шуд. Дар чунин вазъият дар Қазоқистон чораҳои зер андешида хоҳанд шуд:

Тақвияти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи иншооти муҳими давлатӣ, таъмини иншооти дигари муҳим;

Маҳдудсозии фаъолияти иншооти бузурги тиҷорӣ;

Манъи фаъолияти марказҳои тиҷориву дилхушӣ, кинотеатрҳо, театрҳо ва дигар маконҳои ҷамъшавии одамон;

Ҷорӣ кардани карантин, амалисозии чорабиниҳои густардаи беҳдоштӣ;

Манъи чорабиниҳои варзишӣ ва дилхушӣ, инчунин маросимҳои хонаводагиву ёдбуд;

Ҷорӣ кардани маҳдудияти воридшавӣ ва хориҷшавии нақлиёт ба Қазоқистон, ба истиснои дипломатҳои Қазоқистон ва кишварҳои хориҷӣ.

Ҳамчунин назорати афроде сахт мешавад, ки аз табобат ва ташхис саркашӣ мекунанд.

То 15 март дар Қазоқистон 9 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шуд.

Ин дар ҳолест, ки як гирифтори вируси коронаро дар шаҳри Алматои Қазоқистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб кардаанд. Ба иттилои пулис, яке аз занҳои гирифтор ба вирус "ба кори хадамоти беҳдоштӣ халал эҷод карда, аз додани иттилоъ дар бораи афроде, ки баъди мубталошавӣ бо вай робита доштаанд, худдорӣ меварзад."

XS
SM
MD
LG