Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, "ҳаннотони маводи ғизоӣ"-ро сахт муҷозот хоҳанд кард


Муовини аввали сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов гуфт, зидди онҳое, ки ба таври ҳаннотӣ ва беасос нархи маҳсулоти ниёзи аввалияро дар ин кишвар боло мебаранд, тибқи қонун чора андешида хоҳад шуд.

"Мо аз рӯзҳои аввал дар баробари пешгирӣ аз вуруд ва паҳни коронавирус барои ҳифзи суботи иқтисодӣ дар кишвар низ талош дорем. Вале дирӯз дар баъзе аз бозорҳо мардум дастаҷамъона маводи ғизоӣ харидаанд. Ин таъсири равонии нахустин ҳолатҳои ошкоршавии коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя ва тарси нарасидани маводи ғизоӣ аст. Вале аз ин ҳолат баъзе аз соҳибкорони бемасъулият сӯистифода мекунанд. Барои онҳо аз оромии ҳамватанон дида, даромад муҳимтар аст. Ба ҳамаи ниҳодҳои дахлдори кишвар дастур медиҳам, ки аз рух додани ин гуна ҳодиса дар оянда пешгирӣ ва вазъро дар бозорҳо назорат кунанд. Зидди онҳое, ки даст ба ҳаннотӣ мезананд, чораандешӣ шавад", - афзудааст Боронов.

​Ба огаҳии ҳукумати Қирғизистон, дар ин кишвар маводи ғизоӣ ба андозаи кофӣ захира карда шудааст. "Боронов қайд кард, ки дар бораи басташавии марзҳо чизе гуфта нашудааст. Маводи ғизоӣ асосан аз Қазоқистон ворид мешавад ва ин кишвар ҳоло марзҳояшро набастааст. Раҳбарони ҳукуматҳои Қирғизистону Қазоқистон низ телефонӣ суҳбат кардаанд. Ин нишон медиҳад, ки ҳеч маҳдудияте сурат нахоҳад гирифт", - афзудааст хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон.

Рӯзҳои ахир дар миёни сокинони Қирғизистон овозаҳое паҳн шуда, ки ба иллати коронавирус эҳтимол дорад, камбуди маводи ғизоӣ дар ин кишвар пеш ояд. Дар натиҷа дар бозору фурӯшгоҳҳо талабот ба маҳсулоти ниёзи аввал афзоиш ёфтааст.

Мақомоти дахлдори Қирғизистон низ мегӯянд, зидди баъзе аз "ҳаннотон" аллакай чораандешӣ сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG