Ссылки доступа

Тасдиқи нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Узбекистон


Мақомоти Ӯзбекистон нахустин ҳолати гирифтор шудани як шаҳрванди ин кишвар ба вируси хатарноки КОВИД-19-ро тасдиқ карданд. Онҳо рӯзи 15-уми март гуфтанд, бемор аз Фаронса баргаштааст ва барои пешгирӣ аз паҳншавии вируси нав тамоми чораҳоро меандешанд.

Баҳром Олматов, раиси Оҷонси беҳдошт, як ниҳоди вобаста ба Вазорати тандурустии Ӯзбекистон дар муроҷиати расмӣ гуфт, "ҷое барои нигаронӣ нест" ва афзуд: "Рӯйхати онҳоеро, ки бо бемор тамос доштанд ва мусофироне, ки ҳамроҳи ӯ аз Фаронса баргаштанд, тартиб дода шудааст ва ба зудӣ зери назорати пизишкон қарор мегиранд".

Олматов дар муроҷиати худ гуфт, то кунун тақрибан ҳашт ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон зери назорати пизишкон қарор гирифтаанд.

Ба қавли ӯ, ин шабу рӯз ба воситаи ҳавопаймо тақрибан панҷ ҳазор нафар, бо қатор ё поезд ҳудуди ду ҳазор нафар ва тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ 38 ҳазор нафар ба Ӯзбекистон ворид шудаанд. Вай шарҳ дод, ки аксари мусофирон аз Аврупо ва Қазоқистону Русия ҳастанд ва ҳангоми вуруд ба кишвар таб ё ҳарорати бадани онҳо санҷида шудааст.

Абдулло Орифов, сарвазири Ӯзбекистон, 15-уми март дар як нишасти кӯтоҳи хабарӣ гуфт, аз рӯзи душанбе иртиботи ҳавоӣ ва заминӣ бо кишварҳои дигар ва вуруди хориҷиҳо ба Ӯзбекистон ва сафари шаҳрвандони ин кишвар ба хориҷ манъ карда мешавад. Ҳаракати қатори роҳи оҳан баъд аз се рӯз қатъ мегардад.

Ба гузориши расонаҳои Ӯзбекистон, сарвазир Абдулло Орифов афзудааст, мактабҳо низ дастикам барои се ҳафта таътил шуда, маъракаҳои бахшида ба ҷашни Наврӯз бекор мегарданд.

Ӯзбекистон кишвари дувуми Осиёи Марказӣ аст, ки дар қаламрави он вируси хатарнокро сабт кардаанд. Аз он пеш дар Қазоқистон ҳашт мавриди гирифтории сокинон ба ин вирус тасдиқ шуд.

Тоҷикистону Қирғизистон ва Туркманистон, кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, расман мегӯянд, ки то кунун ҳеч мавриди мубтало шудани сокинон ба ин вирусро сабт накардаанд. Вале ҳафтаи гузашта ду манбаъ дар ниҳодҳои тандурустии Туркманистон аз гирифтор шудани чанд нафар ба ин вирус гузориш дода буданд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, беш аз 1600 нафареро, ки аз Чину Афғонистон ва Эрон баргашта буданд, зери назорат гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Ӯзбекистон парвози ҳавопаймоҳоро аз Фаронсаву Испания ва Бритониё муваққатан қатъ кард. Мақомоти туризми давлатии Ӯзбекистон дар сомонаи расмии худ гуфтанд, ин иқдом бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус гирифта шуда, аз 14-уми март ба иҷро даромад.

Қаблан Узбекистон парвози ҳавопаймоҳоро аз Эрону Ҷопон, Афғонистон ва Итолиё манъ карда буд. Ҳамчунин парвози ҳавопаймоҳо аз Кореяи Ҷанубӣ ба Ӯзбекистон маҳдуд карда шудааст. Ба ҷуз ин, Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон аз шаҳрвандони ин кишвар хостааст, ки аз сафар ба Ҳиндустону Таиланд худдорӣ варзанд.

Вируси хатарноки КОВИД-19, ки моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд, то кунун дар даҳҳо кишвар беш аз 156 ҳазор нафарро гирифтор карда, боис ба марги тақрибан 6 ҳазор нафар шудааст.

XS
SM
MD
LG