Ссылки доступа

Баста шудани марзҳои Ӯзбекистон ба хотири коронавирус муҳоҷирони тоҷикро сарсон кард


Як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон дармонданд ва наметавонанд, ба ватан баргарданд.

Ӯзбекистон ба хотири пешгирӣ аз коронавирус марзҳои худро аз рӯзи 16-уми март ба рӯи хориҷиён баст. Аммо муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ин иқдом ногаҳонӣ буд ва онҳо бо занону кӯдаконашон беш аз панҷ соат аст, ки дар марз дармондаанд.

Абдулло, яке аз ин муҳоҷирон рӯзи 16-уми март гуфт, онҳоро дар гузаргоҳи марзии Навоӣ боздоштаанд ва ба ҷуз аз шаҳрвандони Ӯзбекистон, ба дигар ашхос иҷозаи гузаштан намедиҳанд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, марзбонони қазоқ ба онҳо гуфтаанд, ки Ӯзбекистон ба ҷуз аз шаҳрвандони худ ба дигар шаҳрвандони хориҷӣ иҷозаи убур аз хокашро намедиҳад.

Парвиз, як шаҳрвандони дигари Тоҷикистон, ки дар марз дармондааст, гуфт, теъдоди онҳо беш аз дусад нафар аст ва дар миёнашон занону кӯдакон низ ҳастанд. "Бо кӯдакону занон дар шароити вазнин дар минтақаи транзитӣ ҳастем. Бисёри мо аз Русия депортатсия шудагӣ ҳастем. На ин тараф рафта метавонем, на он тараф. Аз соати 12-и шаб сарҳадро баста",-гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Ин муҳоҷирон гуфтанд, ба Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон низ муроҷиат карданд, вале то ҳол ба мушкилашон расидагӣ нашудааст. Масъулини Сафорати Тоҷикистон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик аз дармондан дар марзи Ӯзбекистон дар ҳолест, ки мақомоти ӯзбек баъди пайдо шудани вируси корона дар ин кишвар сарҳадҳои худро бастанд.

Мақомоти Ӯзбекистон рӯзи 15-уми март нахустин ҳолати гирифтор шудани як шаҳрванди ин кишвар ба вируси хатарноки КОВИД-19-ро тасдиқ карданд. Дар пайи ин Абдулло Орифов, сарвазири Ӯзбекистон зимни як нишасти кӯтоҳи хабарӣ гуфт, аз рӯзи душанбе иртиботи ҳавоӣ ва заминӣ бо кишварҳои дигар ва вуруди хориҷиҳо ба Ӯзбекистон ва сафари шаҳрвандони ин кишвар ба хориҷ манъ карда мешавад. Ҳаракати қатори роҳи оҳан баъд аз се рӯз қатъ мегардад.

Ба гузориши расонаҳои Ӯзбекистон, сарвазир Абдулло Орифов афзудааст, мактабҳо низ дастикам барои се ҳафта таътил шуда, маъракаҳои бахшида ба ҷашни Наврӯз бекор мегарданд.

Ӯзбекистон ҳамчунин парвози ҳавопаймоҳоро аз Фаронсаву Испания ва Бритониё муваққатан қатъ кард. Мақомоти туризми давлатии Ӯзбекистон дар сомонаи расмии худ гуфтанд, ин иқдом бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус гирифта шуда, аз 14-уми март ба иҷро даромад.

Қаблан Узбекистон парвози ҳавопаймоҳоро аз Эрону Ҷопон, Афғонистон ва Итолиё манъ карда буд. Ҳамчунин парвози ҳавопаймоҳо аз Кореяи Ҷанубӣ ба Ӯзбекистон маҳдуд карда шудааст. Ба ҷуз ин, Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон аз шаҳрвандони ин кишвар хостааст, ки аз сафар ба Ҳиндустону Тайланд худдорӣ варзанд.

Ӯзбекистон кишвари дувуми Осиёи Марказӣ аст, ки дар қаламрави он вируси хатарнокро сабт кардаанд. Аз он пеш дар Қазоқистон ҳашт мавриди гирифтории сокинон ба ин вирус тасдиқ шуд.

Тоҷикистону Қирғизистон ва Туркманистон, кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, расман мегӯянд, ки то кунун ҳеы мавриди мубтало шудани сокинон ба ин вирусро сабт накардаанд. Вале ҳафтаи гузашта ду манбаъ дар ниҳодҳои тандурустии Туркманистон аз гирифтор шудани чанд нафар ба ин вирус гузориш дода буданд.

Вируси хатарноки КОВИД-19, ки моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд, то кунун дар даҳҳо кишвар беш аз 156 ҳазор нафарро гирифтор карда, боис ба марги тақрибан 6 ҳазор нафар шудааст.

XS
SM
MD
LG