Ссылки доступа

Мақомоти молии ИМА ба далели хуруҷи вируси корона фоизи қарзҳои бонкиро қариб ба сифр баробар карданд


Низоми захираи федеролии ИМА сатҳи қарзҳои асосиро ба 0 - 0,25% расониданд. Ба ин тартиб, мақомоти амрикоӣ мехоҳанд, зарареро коҳиш диҳанд, ки иқтисоди ИМА аз вируси корона хоҳад дид. 

Пойин овардани сатҳи қарзҳо то 0% маънои фаро расидани қарзҳои камфоизро дорад. Дар чунин шароит бонкҳо барои рушди тиҷорат ва бозсармоягузории қарзҳои мавҷуд имкон пайдо мекунанд.

Ба иттилои хабаргузориҳо, фоизҳо дар чунин сатҳ то замоне боқӣ хоҳанд монд, ки ба гуфтаи мақомоти молии ИМА, "иқтисоди он кишвар аз ҳаводиси кунунӣ берун ояд".

Ин тадбир имкон медиҳад, ки захираи коғазҳои қиматбаҳои Бонки марказии ИМА 700 миллиард доллар афзоиш ёбад. Тасмими ахир чунин маъно дорад, ки давлат саҳмияҳои аз қимат уфтодаро аз сармоягузорон харидорӣ мекунад ва ба ин тартиб, иҷозат намедиҳад, ки саҳмияҳо беқурб шаванд.

Дар саросари дунё бештар аз 162 ҳазор кас мубталои вируси корона шуда, 6446 тани дигар фавтидааст. Ҳамчунин 75,5 ҳазор шифо ёфтааст. Дар бештари кишварҳо муассисаҳои таълимиву истеҳсолӣ ё баста шудаанд ё фаъолияташон маҳдуд шудааст. Аммо ширкатҳо маҷбуранд, ки маоши кормандонро пардозанд ва дигар пардохтҳоро анҷом диҳанд.

XS
SM
MD
LG