Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон барои кӯмак ба тиҷорат 300 миллиард танга ҷудо мекунанд


Барои кӯмак ба соҳибкорон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мақомоти Қазоқистон тасмим доранд, "на камтар аз 300 миллиард танга" (қариб 681 миллион доллар) ҷудо кунанд.

Дар ин бора президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар як суханронии рӯзи 16 март хабар дод.

"Мо шоҳиди таъсири бад расонидани вируси корона ба иқтисоди ҷаҳон шудем. Ин маънои бозсозии низоми иқтисоди ҷаҳониро дорад. Қазоқистон пайомади буҳрони сартосариро мустақиман эҳсос мекунад. Аммо сарфи назар аз номусоидии иқтисодӣ мо чораандешӣ мекунем, ки таниши иҷтимоӣ ва бекорӣ авҷ нагирад", - гуфт Тоқаев.

Вай ҳамзамон афзуд, захираҳои байналхалқии Қазоқистон наздики 90 миллиард долларро ташкил медиҳанд. "Ин кафолати ҳифзи устувории иқтисодӣ ва иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат аст. Мо харҷи буҷаро ба самтҳои равона мекунем, ки барои таъмини шуғл ва тиҷорат муассир ҳастанд. Барои кумак ба соҳибкорони ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ на камтар аз 300 миллиард танга ҷудо мешавад", - гуфт Тоқаев.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи душанбе дар саррофиҳои Қазоқистон 1 доллари ИМА 440 танга хариду фурӯш мешуд. Дар Қазоқистон аз 16 март барои 30 рӯзи оянда вазъи изтирорӣ эълом шуд. Дар ин муҳлат фаъолияти иншооти бузурги тиҷорӣ маҳдуд, баргузории чорабиниҳои оммавӣ манъ ва даромаду баромад ба Қазоқистон низ маҳдуд мегардад.

Субҳи рӯзи 16 март Қазоқистон тасдиқ кард, ки 10 кас дар ин кишвар ба вируси корона гирифтор шудааст.

XS
SM
MD
LG