Ссылки доступа

Ҳукумати Қазоқистон дар баргардонидани қарзҳои бонкӣ сабукӣ пешниҳод дорад


Ҳукумати Қазоқистон гуфт, меъёрҳои фавриеро таҳия дорад, ки барои дар ҳолати муътадил нигаҳ доштани бозори меҳнат ва иқтисод равона шудаанд. Дар ин бора дар як ҷаласаи ҳукумати он кишвар рӯзи сешанбе хабар дода шуд.

Руслан Даленов, вазири иқтисоди миллии Қазоқистон гуфт, барои кӯмак ба соҳибкорон "на камтар аз 300 миллион танга" (қариб 688 миллион доллар) ҷудо карда хоҳад шуд. Вазир ҳамчунин афзуд, барои барномаи қарзҳои боимтиёзи ҳукумат иловатан 400 миллион тангаи дигар ҷудо мегардад.

Мадина Абилқосимова, раиси оҷонси танзим ва рушди бозори молии Қазоқистон хабар дод, дар робита ба ҷорӣ шудани вазъи изтирорӣ - аз 16 март то 15 апрел - ба соҳибкорони инфиродӣ ва субъектҳои тиҷорати хурду миёна дар баргардонидани қарзҳои бонкӣ имтиёз дода шавад.

Вай гуфт, дар сурати то 90 рӯз барнагардонидани қарз, бонк ҳақ надорад, ки ба соҳибкорон ҷарима муайян кунад.

Қурби тангаи қазоқӣ сар аз 9 март ба ин тараф, дар пайи коҳиши арзиши нафт дар бозори ҷаҳонӣ, дар баробари доллари ИМА пойин меравад.

XS
SM
MD
LG