Ссылки доступа

Фатвои Идораи мусалмонони Ӯзбекистон: ҳамаи ибодатҳо дар хона анҷом шаванд


Идораи мусалмонони Ӯзбекистон фатво содир кард, ки то замони муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар, тамоми ибодатҳо дар манзил анҷом шаванд.

Ин идора ҳамчунин аз мусалмонон дархост кардааст, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани вируси корона чораҷӯӣ кунанд. Аз ҷумла, аз мусалмонон хоста шудааст, ки:

1. То замони муътадил шудани вазъ, намозҳои панҷгона ва намози ҷумъа дар манзил гузорида шавад;

2. Намози ҷаноза ҳам бо ширати наздикони фавтида дар хона анҷом шавад;

3. Мусалмонҳо бо назардошти имконоташон бояд дар пешгирӣ аз паҳншавии вирус саҳм гузоранд;

5. Ҳар мусалмон бояд аз Худо бихоҳад, ки ҳарчи зудтар ин вирус маҳв шавад;

6. Ҳар мусалмон вазифадор аст, ки тавсияҳои вазорати тандурустиро иҷро кунад.

Идораи мусалмонони Ӯзбекистон гуфтааст, фатвои мазкур дар асоси хулосаҳои созмонҳои исломии кишварҳои дигар содир шудааст.

Хабар дода мешавад, ки дар масҷидҳои Қазоқистон ҳам намозҳои панҷгона манъ шудаанд.

XS
SM
MD
LG