Ссылки доступа

Афзоиши шумори мубталоёни коронавирус дар Қазоқистон


Вазорати тандурустии Қазоқистон шоми 17 март эълом кард, ки шумори умумии мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар афзоиш ёфта, ба 33 нафар - 15 кас дар шаҳри Алмато ва 18 тан дар шаҳри Нурсултон расидааст.

Аз 19 март дар ин ду шаҳри бузургтарини Қазоқистон ба далели паҳни коронавирус карантин эълом ва дастрасӣ ба онҳо маҳдуд хоҳад шуд.

Ба ҷуз ин, Қазоқистон аз 16 март вазъи изтирорӣ эълом, фаъолияти марказҳои тиҷориву фурӯшгоҳҳои бузургро маҳдуд, баргузории чорабиниҳои оммавӣ ва вуруду берун рафтан аз ин кишварро манъ кард. Мулоқоти ҳукуматӣ ва нишастҳои хабарӣ онлайнӣ баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG