Ссылки доступа

Мансабдори пешини қазоқ барои ҳамла ба фаъоли маданӣ 7 сол зиндонӣ шуд


Нургалӣ Аппазов, ҳокими пешини минтақаи аҳолинишини Панфилови Қазоқистон бо айби ҳамла ба фаъоли маданӣ Галина Арзамасова рӯзи 17 март аз сӯи додгоҳ 7 сол зиндонӣ шуд.

Ронандаи ин мансабдор Ганӣ Сманов, ки додгоҳ ӯро дар парронидани Арзамасов аз таппончаи травматикӣ айбдор карда буд, аз толори додгоҳ озод шуд.

Айбдоркунандаи давлатӣ гуфт, ки мансабдори пешин аз соли 2017 то 2019 чандин маротиба ҳамла ба Галина Арзамасоваро фармоиш додааст.

Фаъоли маданиро, ки солҳои охир мушкилоти деҳаи Қарабулаки вилояти Алматоро расонаӣ мекард, 26 августи соли 2019 паррониданд. Ин занро дар наздикии идораи ҳоким паррониданд.

XS
SM
MD
LG