Ссылки доступа

Чаҳор варзишкори паролимпӣ аз Ӯзбекистон баъди ошкор шудани истифодаи допинг аз мусобиқаҳо маҳрум шуданд


Кумитаи байналхалқии паролимпӣ чаҳор варзишкори паролимпии ӯзбекистониро аз иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум кард. Сомонаи кумитаи мазкур хабар дод, ки онҳо допинг истифода кардаанд.

Исмира Исломова ва Шаҳзода Мамадалиева - ду варзишкори паролимпӣ аз Ӯзбекистон, ки пеш аз мусобиқаи қаҳрамони ҷаҳон 2018 дар Фаронса аз ташхиси допинг гузашта буданд, ҳамакнун ташхиси онҳо натиҷаи мусбат додааст. Ин ду варзишкор барои чаҳор сол - аз 31 августи соли 2018 то 30 августи соли 2020 аз ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум ва дастовардҳои ин солҳояшон маҳв шудааст.

Муслима Нуриддинова, варзишкори дигари ӯзбекистонӣ дар мусобиқаҳои Чину Ҷопон аз доруҳои неруафзои мамнуъ истифода кардааст. Кумита ӯро аз 30 ноябри соли 2018 то 29 ноябри соли 2022 аз ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум сохт.

Камолахон Абдуллоева, варзишкори чаҳоруми Ӯзбекистон низ дар бозиҳои паролимпии соли 2018 ширкат карда буд. Ин варзишкор аз 11 феврали соли 2019 то 10 феврали соли 2023 аз мусобиқаҳо маҳрум шудааст.

Ҷеймс Склэйтер, мудири зиддидопингии Кумитаи байналхалқии паролимпӣ аз афзоиши ҳолатҳои истифодаи допинг дар Ӯзбекистон изҳори нигаронӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG