Ссылки доступа

Ӯзбекистон дар мактабҳо аз 18 март таътил эълом кард


"Ҳамаи хонандагон ва омӯзгорон аз 18 март ба рухсатии бомузд фиристода хоҳанд шуд. Мудирон, муовинони онҳо, равоншиносон, фаррошон ва муҳофизони мактабҳо фаъолияти худро идома медиҳанд", - гуфт вазири маорифи Ӯзбекистон Шерзод Шерматов.

Ба гуфтаи Шерматов, аз ҳафтаи оянда ба хонандагон имкон фароҳам карда мешавад, то дарсҳоро тавассути 3 телевизион тамошо кунанд. Ҳамчунин онҳо метавонанд аз сомонаи Kitob.uz китобҳои садоиро боргирӣ карда, ҳамчун маводи иловагӣ истифода баранд.

"Хонандагони Тошканд баҳои худро тавассути рӯзномаи электронӣ дастрас карда, ин низом тадриҷан дар минтақаҳои дигари Ӯзбекистон низ ҷорӣ хоҳад шуд", - афзуд Шерзод Шерматов.

Вазири маорифи Ӯзбекистон гуфт, муҳлати таътили мактаббачагон аз вазъ вобастагӣ дорад.

Дар Ӯзбекистон шумори мубталоён ба коронавирус дар ҳоли ҳозир ба 13 нафар расидааст.

XS
SM
MD
LG