Ссылки доступа

"200 сомониамро надоданд" Навбати муҳоҷирон барои бозпас гирифтани пули билет


Манъи ҳаракати қаторҳои мусофирбар аз Тоҷикистон ба Русия рӯзи 17-уми март даҳҳо муҳоҷири тоҷикро, ки нияти сафар ба ин кишварро доштанд, дар назди Идораи роҳи оҳани Душанбе ҷамъ овард. Мусофирон барои бозпас гирифтани пули билетҳои харидаашон навбат мепоиданд.

Ҳаракати қаторҳои мусофирбари Тоҷикистон рӯзи 17-уми март ба хориҷа, аз ҷумла ба Русия қатъ шуд ва эҳтимол ин ҳолат то охири моҳи апрел идома кунад.

Масъулони Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтанд, ин як амри муваққатӣ аст ва барои пешгирӣ аз хатари коронавирус гирифта шудааст. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, пули билетҳои харидаи мардумро ба навбат бармегардонанд.

Аммо бархе аз мусофирон, ки аз чанд рӯзу ҳафтаи пеш билети қатор ба самти Русияро харида буданд, шикоят доранд, ки ба онҳо маблағи пурраи сарфкардаашонро барнамегардонанд.

Амиршо Алиев, як сокини Душанбе, рӯзи 17-уми март гуфт, ӯ чанд рӯз пеш ба 1150 сомонӣ билет харида буд, аммо дар пайи қатъи ҳаракати қатор на ҳамаи ин пулро ба ӯ баргардониданд. "Ба 200 сомонӣ сӯхтем. Дигар чӣ кор мекунем, ба хона меравем", - гуфт ӯ.

Яке дигар аз мусофироне, ки барои гирифтани пули билеташ омада буд, низ гуфт, "пули хӯрок дар қатор ва ҷойи хобро, ки дар маҷмӯъ 270 сомонӣ аст, надода истодаанд."

Бархе аз мусофирони ҷамъомада мегӯянд, аз шоми 16-уми март барои гирифтани иттилои дақиқ ва бозпас гирифтани пули билетҳои худ дар навбатанд ва наметавонанд, маблағашонро бигиранд. "Аз соати 8-и бегоҳ омадем, одам зиёд аст. Дар хазина як нафар кор мекунад ва ӯ наметавонад ба ҳама бирасад", - гуфт ҷавоне, ки мехост пули чиптаашро зудтар бигирад.

Муҳоҷирон ба хотири нисбатан арзон дастрас кардани билет маъмулан аз 30 то 40 рӯзи пеш чипта мехаранд.

Масъулини идораи Роҳи оҳан рӯзи 17-уми март гуфтанд, ба ҳама мусофирон маблағи билетҳоро ба навбат бармегардонанд ва “ҷойе барои нигаронӣ нест”.

Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, якбора баргардонидани маблағи тамоми билетҳо ба ҳудудан 8 ҳазор нафар кори осон нест. Анвар Латифзода, сардори котиботи корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт: “Мардум то 28-уми апрел чипта харида буданд. Мо тасмим гирифтем, ки бо навбат ва бо наздик шудани санаи сафар ба муштариён пули билети онҳоро баргардонем. Шояд баъди як ҳафта ё ду ҳафта мумкин ҳаракати қаторҳо барқарор мешавад.”

Қатъи якбораи ҳаракати қатор ба самти Русия махсусан дар мавсими аслии муҳоҷират, бархе аз муҳоҷиронро, ки хавфи аз даст додани ҷойи корро доранд, нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, беҳтар буд аз чанд рӯз пеш огоҳ мешуданд.

Аммо гурӯҳи дигар мегӯянд, аз як сӯ бо таваҷҷӯҳ ба хабарҳое, ки аз расонаҳо мебинанд, беҳтар аст як муддат аз сафар худдорӣ кунанд.

​То имрӯз аз Тоҷикистон дар як ҳафта 4 қатор ба самти Русия ҳаракат мекард. Ду қатор аз Душанбе ва дуи дигар аз Кӯлобу Хуҷанд.

Сафар ба воситаи қатор яке аз роҳҳои камхарҷ барои муҳоҷирон аст. Мақомот ҳам мегӯянд, солҳои ахир мардуми зиёде ба ин навъи нақлиёт рӯ оварда буд.

Муҳоҷират ба Русия як манбаи асосии пешбурди рӯзгори аксар оилаҳои тоҷик аст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта тақрибан ним миллион аҳолии кишвар ба хориҷа, аз ҷумла Русия рафтанд ва соли гузашта аз онҷо ба кишвар тақрибан 2,6 миллиард доллар фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG